ПАХТА
Дар замонҳои қадим подшоҳе буд, ки дар қасри бошукӯҳе зиндагӣ мекард.
Подшоҳ боғи дилкушое дошт. Касе, ки бори аввал ба ин мулк сафар менамуд, бояд ҳатман барои боғи подшоҳ тухми ягон растанӣ ё ниҳолу буттаеро бо худ оварда дар он месабзонд.
Боре ба ин мулк пири нӯроние омад ва бо худ тухми растаниеро тибқи анъана оварда дар боғ кишт кард.
Тухми киштаи пирамард аввал чун ҳамаи растаниҳои муқаррарӣ ба сабзидан даромад. Аммо баъди оне, ки он гул карду аз гул фаромад ба ҷои ғурра дар шохаҳояш як чизи нарму сафеде пайдо гашт, ки боғбони боғ дар ҳаёти садсолаи боғдорияш онро аввал медид. Модоме, ки боғбони пири кӯҳансол бо дидани ин растании булаҷаб ба ҳайрат афтод, пас дар бораи ҳайрату тааҷҷуби дигарон ҳоҷати гап нест.
Касе намедонист, ки ин гул ё бута ба чик ор меояд ва чи нафъе дорад.Кофта-кофта пири нуронӣ — ҳамоне, ки ин буттаро дар боғ кишт карда буд, пайдо карданд.
Пири нуронӣ аз шохаҳои растании кишткардааш он чизҳои нарму сафедро канда гирифту аз онҳо ресмон ресид. Сипас аз ин ресмонҳо барои подшоҳ пероҳани зебое омода кард.
Подшоҳ, ки то ин дам дар тан пӯсти бабр мепӯшид, нармию гармии пероҳани пахтагин барояш хело писанд афтод.
Ӯ барои ин гуна либос ба пири нуронӣ тӯҳфаҳои зиёде тақдим намуд ва амр кард, ки дар мулкаш минбаъд ниҳоли пахта дар майдонҳои васеъ кишт карда шавад.
Аз ҳамон вақт, то ин дам пахтаро кишт мекунанд. Одамон бо мурури вақт аз ин ниҳол ё растанӣ истеҳсоли равғану собунро низ кашф карданд. Кунҷораи аз пунбадонаи он ҳосилшударо барои чорвоҳояшон истифода бурданро омӯхтанд.
Номи он пири нуронии хирадманд, ки бори аввал пахтаро кишт карда буд, кайҳо аз ёдҳо фаромӯш гашт. Аммо кори некаш то ба мо омада расиду мо аз он пурмаҳсул истифода мебарем.
Наргиси Муродалӣ,
шаҳри Душанбе.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст