Заррина Ҳалимова яке аз хонандагони фаъолу шинохтаи ноҳия ба шумор меравад. Ӯ дар синфи 10-уми мактаби рақами 59 –и деҳаи Заркамар таҳсил мекунад. Дар мактаб фаъол буда, аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баҳои аъло мегирад. Баробари забони тоҷикӣ инчунин забонҳои русӣ, англисӣ ва қазоқиро низ хуб медонад. Инчунин ба шеърнависӣ шавқи зиёд дошта шеърҳояшро бисёртар бо забони русӣ эҷод мекунад. Заррина аз синфи ҳафтум инҷониб дар олипиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок карда, ҳамеша соҳиби ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегардад. Имсол низ дар олимпиадаҳо иштирок дорад. Аз ҷумла дар олимпиадаи минтақавӣ, ки ҳангоми таътили зимистона дар шаҳри Душанбе шуда ...
Модар фуруғи зиндагӣ, Модар сиришти ҷовидон Модар баҳори умри ман Модар умеди ин ҷаҳон. Модар ҷаҳону ҷовидон Модар замину осмон. Модар накӯи бахти ман Модар умеду тахти ман. Насимҷони Нусратзода, хонандаи синфи 10, мактаби миёнаи №31. МОДАРИ ҶОН Модарҷонам меҳрубон Мепазад кулчаю нон Равшании хонадон Аз баҳри мо кӯдакон. Модарҷон ягона Хонад шеъру тарона Ҳамеша баҳри моён Бо нигоҳи шодона. Давлатова Тахмина, хонандаи синфи 2, мактаби миёнаи № 7. ТУ ФАХРИ МОӢ ЭҲДО БА КОРМАНДОНИ МИЛИСА Шабҳо ту бедор Рӯзҳо ҳам серкор Мардум дӯстдор Ҳасти милиса Баҳри ҳифзи мо Ҷон месупоред Бас кори душвор Кори милиса. Полиси тоҷик Ту фахри моӣ Бо кори некат Пешвои моӣ Полиси тоҷик Зинда бимонӣ Баҳри ҳифзи халқ Поянда монӣ. Исмоилов Зафар, хонандаи бахши 1, ОКТ -24. БА МОДАРАМ Модари ман дар ғами фардо гузашт, Бо ғаму андӯҳу армонҳо гузашт. Бо умеде, ки бубинад рӯзи мо, Чашм дар роҳ аз сари ...
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод дар таълиму тарбия намудани наврасони эҷодкорони ноҳия саҳми хешро мегузорад. Ин марказ дар даврони шуравӣ бо номи «Хонаи пионерон» маъруф буд, ва аксари наслҳои он айём, ки дар маҳфилҳои он ширкат мекарданд, бо хубӣ дар ёд доранд. Имрӯз бошад дар Марказ 16 – маҳфил фаъолият дорад, ки наврасон вобаста бо хоҳишу майлашон якеро интихоб намудаву метавонанд нозукиҳои онро аз устодон омӯзанд. Онҳо соатҳои фориғ аз мактаб инҷо меоянд. Бояд гуфт, ки наврасоне, ки аъзои маҳфилҳоянд аксарияташон аллакай бемушкилӣ метавонанд дар касбашон муваффақиятҳо ба даст оранд. Аз наврасони Макази эҷодии кӯдакон ...
Зулфия аз Алидод пурсида гуфт: - Падарат дар иди наврӯз чӣ тӯҳфаат кард. - Чӣ ҳам тӯҳфа мекард вақте, ки ӯ дар ҳушёрхона афтодааст. -Падари ту чӣ тӯҳфа овард,- гуфт Алидод. Тӯҳфа оварданашро намедонам, вале бо модарам ҷанҷол карда гуфт: - Занак тӯҳфааш боз чӣ аст, шукрона кунед, ки дар Наврӯз худамро бароят овардам. ХОБИ ШИРИН Муаллима аз шогирдонаш пурсида гуфт: -Бачаҳо кадом барномаи оинаи нилгун ба шумо маъқул аст. Зулфияи беқарор гуфт: - Ба мо муаллимаҷон «Хоби ширин хурдтаракон» хуш аст. ЯХМОЛАКБОЗӢ КАРДАНД Сумкаи даридаи Қобилро падараш дида гуфт: -Писарам сумкаатро як моҳ нашудаасту даридааст-ку? -Ҳамсинфонам бо сумкаи ман яхмолакбозӣ карданд,- гуфт Қобилҷон. ЯХ БАСТААСТ Модараш Ёқубҷонро гуфт: -Писарам оинаи нилгунро ...
ЧУН ШАБИ ҲАШТУМ БАРОМАД, ГУФТ: -Эй малики ҷавонбахт, ҷавони ҷодугашта бо малик гуфт: -Маро гумон ин буд, ки ғуломак кушта шуд. Пас, ман аз хона беру номада, ба қаср бишитофтам ва дар хобгоҳи хеш бихуспидам. Чун бомдод шуд, духтари амми худро дидам, ки гесувон бурида ва ҷомаи мотам пушида пеши ман омад, гуфт: -Душ шунидам, ки як бародарамро мор газида ва бародари дигарам аз фарози бом ба зер афтода ва падарам ба ҷанги душманон рафта ҳар се мурдаанд. Акнун сазост, ки ман ба аъзо бинишинам ва гирёну малӯл бошам. Ман гуфтам: -Ҳар он чӣ хоҳӣ бикун. Соле ба мотамдорӣ ва андӯҳ бинишаст, пас аз солее гуфт: -Бояд ...
Маънои сухан-калом, гуфтор мебошад ва ба тарзи дигар сухан гуфтан гап, ҳарф задан, нутқ кардан аст: Аз он лаб ҳикоя шунидан хуш аст, Суханҳои ширин бағоят хуш аст. Камоли Хуҷандӣ Суханварӣ ё сухангӯӣ санъатҳои худро дорад. Ба қавле, ки шунаванда хуб фаҳмида лаззат барад. Барои суханҳои беҳтаринро гуфтан бисёр калимаҳои забонро донистан лозим аст. Агар шахс суханҳои ширину бамаъниро истифода бурда тавонад, сӯҳбати ӯ хубу гуворо мешавад. Ҳангоми сухангӯӣ рӯи хандону нигоҳи зебо бояд дошта бошед, ба тарзи дигар гӯем, чеҳракушод мебояд буд. Дар гуфтор аз истифодаи калимаҳои бемаънӣ худдорӣ бояд кард. Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан, Чу зар санҷида, он гоҳ харҷ кардан. ҚАДРИ НОН Нон - ...
Ҳар кӣ бе сирати хуб аст накӯсират, Ҷуз ҳамон сурати девораш манигар! Носири Хисрав Ботини ту ҳақиқати дили туст, Ҳар чӣ ҷуз ботини ту, ботили туст. Абулмаҷди Саноӣ. Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ, Аҳмаду Бӯҷаҳл ҳам яксон будӣ. Ҷалолиддини Румӣ. Сирати мардон талаб, к-аз дари майдон бувад, Нақш бар айвон чӣ суд Рустаму Исфандиёр? Афзалиддини Ҳоқонӣ. Агар шахс одамӣ бошад ба дидор, Ҳамин тимсол дорад нақши девор. Саъдии Шерозӣ. Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он, ки аттор бигӯяд. Саъдии Шерозӣ.
Тавозўъ кун онро, ки донишвар аст, Ба дониш зи ту қадри ў бартар аст. Бувад дониш обу замини баланд, Зи оби равон кам шавад баҳраманд. Бо мақсади дарёфт намудани хонандагони эҷодкору ташаббускор, ки мунтазам дар ҷустуҷў ва аз бар кардани навигариҳои илму техникаи муосиранду қобилияти фикрронӣ, маҳорати ҳозирҷавобӣ ва ҷаҳонбинии васеъ доранд, инчунин барои ҳавасмандгардонии онҳо рӯзҳои 16,17,18,19-уми апрели соли равон дар Маркази рушди истеъдодҳо шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Талабаи сол - 2012» гузаронда шуд. Довталабон вобаста ба фанҳои пешниҳодшуда аз рўйи шартҳои гуногун дониш ва маҳорату истеъдоди худро санҷидаанд. Рўзи аввал - ...
Миллати тоҷик аз даврони қадим ҳастиашро бо сухан бунёд кард. Миллати тоҷик аз даврони дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш аз худ дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав заминаи мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом дод. Саъю талоши сарвари давлат ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Рӯз аз рӯз беҳтар гардидани вазъи моддии мардум аз ояндаи нек мужда мерасонад. Ҳар сокини Тоҷикистон барои зиндагии ибратбахш ҳақ дорад ва касе наметавонад ...
Умедҷони азизу меҳрубони мо, рӯзи мавлудатро, ки ба оғози фасли гулрезиу гулбез рост омадааст муборакбод намуда, хандаи беғашу саломатии накӯ ва умри дарозатро таманно дорем. Бигузор: Дониши Хизрона, дороии ҳотам, Садри Аюбӣ ва зиндагии Довудона ёвару мададгори шумо бошад. Аз забони шоир гуфтанием: Чу Саъдӣ умр бини кам набинӣ, Чу Ҳофиз шод бошӣ ғам набинӣ. Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ, Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ. Ба хушнудии зиндагии ту: падарат Сафар, модарат Малоҳат, амакат Дустмурод, амаат Сайрам ва бибиҳою додоҳоят.