Нашрия
Нашрияи «ПАРВИН»
Фикри таъсис ва чопи нашрия бо дар назардошти холигии фазои иттилотӣ барои мактабиён ва наврасон пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҳанӯз ибтидои солҳои дуҳазорум пайдо шуда буд. Ба ин хотир корҳои омодагӣ барои чопи нашрия соли 2002 шурӯъ шуда, оинномаи нашрия таҳия ва пешкаши Вазорати адлия гардид. Моҳи сентябри соли 2003 нашрия иттилоотӣ-фароғатӣ барои кӯдакон ва наврасон бо номи «Парвин» таҳти рақами 001-349 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардид. Шумораи нахустини нашрияи ҷумҳуриявии иттилоотӣ-фароғатӣ барои кудакон ва наврасон «Парвин» 5 октябри соли 2003 дар матбааи «Вергул», бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад.
«Парвин» — бо чӣ хотир нашрия чунин ном гирифт. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» Парвинро чунин шарҳ додаанд: Номи чанд ситорае, ки дар якҷо ҷамъ шудааст ва ба бурҷи Савр дохил мешавад; — Сурайё.
Айёми наврасӣ худ ситораҳоро мемонад. Ситораҳое, ки ҷилобахшанда бошанду аз мавҷудияти худ бояд огоҳӣ диҳанд. Нурбахшу тобанда будани онҳо маҳз ба ҷомеаи бофарҳангу ашхоси рӯшандил вобаста аст. Агар ходимони нашрия тавонем, ки дар осмони ҳаёт ситораҳои навинро пайдо намудаву ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намоем, пас мо тоандозае вазифаи худро иҷрошуда меҳисобем.
Мақсаду вазифаҳои нашрия пеш аз ҳама саҳм бардоштан дар тарбияи маънавӣ, зеҳнӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии мактабиён, тарғиби эҳтироми калонсолон, ғояҳои инсондӯстӣ, накӯкорӣ, содиқ будан ба анъанаҳои гузаштагону омӯхтани мероси ниёгон иборат аст. Бояд бачаҳо аз ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ошноӣ пайдо карда, зиндагӣ дар замони демократия ва ҷомеаи ҳуқуқбунёдро омӯзанд. Алайҳи зуроварӣ ва одатҳои манфии барои саломатӣ зараровар мубориза баранд.
Дар шумораи нахустин рубрикаҳои табрикот, сухани муассис, «Одобнома», Меҳрномаи шогирд, Пешниҳод, «Дар олами афсона» Чист он?, бозиҳои ақлонӣ ва эълонҳо чоп шуда буд. Нашри нахустшумораи «Парвин» чун рӯйдоди бузурги фарҳангӣ қабул гардид.
Инак аз чопи нахуст шумора то ба имрӯз шаш сол сипарӣ шуд. Тайи ин муддат нашрия танҳо тариқи обуна қариб дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат паҳн гардида, теъдоди нашри он ба 2300—2600 нусха расид.
Соли 2005 нашрияи «Парвин» ғолиби нахуст озмуни грантҳои ҳукумати малакат дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ гардид. Моҳи сентябри соли 2009 нашрия маротиби дуюм ғолиби ин озмуни мазкур шуда буд.
Тавассути хонандагони берун аз кишвар «Парвин» дар мамлакатҳои хориҷ, хонанда пайдо кардааст.
Аввали соли 2010 сайти нашрияи «Парвин», миёни нашрияҳои бачагонаи кишвар нахустин шуда бо нишонии www.parvin.tj дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст