Мактаби аввалинам,
Хотироти ширинам.
Устоди беҳтаринам
Омӯхтани ҳар як ҳарф,
Омӯхтани ҳар як дарс.
Омӯхт маро мактабам,
Мактаби бо мартабам.
Мактаби рақами як
Минатдорам ман аз ту.
Ба шумо низ устодон,
Гуфтанист шогирдатон,
Раҳмат ба шумо ректор,
Устод Ғиёсов Ислом.
Роҳбарам Каримова,
Буд ба мо мисли модар.
Устод Акрамов бошад,
Дар ҳар корам буд роҳбар.
Устод Неъматов Сӯҳроб,
Устод Шарипов Зиёд.
Буданд баҳри талаба,
Ду нафар шахси ноёб.
Устоза Исматова,
Устоза Ятимова.
Расулова Зулайхо,
Муаллима Шоева.
Меомӯзонданд бар мо,
Дарсе, ки нархаш тилло.
Гурезова Муҳайё
Буд маҳбуби дили мо
Бори дигар дар охир
Бигӯям аз таҳти дил
Ташаккур, бар шумоён
Устодони меҳрубон
Ҳоло дар омӯзишгоҳ
Давом диҳам таҳсилро
Кӯшиш кунам ман он ҷо
Кунам таҳсили аъло
Ректораш Пиров Раҳим
Бошад як шахси ҳалим
Роҳбари мо Умаров
Медиҳад ба мо таълим
Аз фанни автомобил
Меомӯзад Абдулов
Қоидаи роҳро
Меомӯзад Зоиров
Боз ҳаст устодони хуб
Ки мисли дӯстанд бар мо
Бимонед доим обод
Эй ду мактаби дилшод.
Исмоилов Зафари Маҳмадрасул,
хонандаи бахши 1-и Омӯзишгоҳи
касби техники рақами 24,ноҳияи Файзобод.
PS. Хонандагони азиз, шумо қаблан ҳам бо навиштаҳои ҳамсолатон Зафари Маҳмадрасул ошно будед, айни ҳол мо меҳрномаи ӯро бидуни таҳрир манзури шумо гардондем. Ҳамчунин Зафар ба устодони мактабиаш Исмат Раҳматов, Салимов, Муродалиева, собиқ директори мактаб А. Ҷалолиддинов Табарова, Шарипова ва устодони имрӯзааш дар омӯзишгоҳ Раҷабова, Сатторова, Юсупов, Назаров ки дар меҳрномааш истифода карда натавонистааст миннатдорӣ менамояд.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст