Шумо дар: Асосӣ // Мактубҳо // ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ЗЕБИ МИЛЛАТ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ЗЕБИ МИЛЛАТ

Имрӯз вақти он фаро расидааст, ки оиди муносибат ба либоси миллӣ аҳмияти ҷиддӣ диҳем. Ба фикри ман мардуми мо аз тарзи либоспӯшиҳои миллии худ дурр монда истодаанд. Тарзи либоспӯшии имрӯзаи духтарони тоҷикро дида, ростӣ бисёр ба р андеша меравам. Дар ҳақиқат зидди либоспӯши аврупоии духтаронамон нестам. Аммо боиси таассуф аст, ки бонувони зебои мо ончунон ба либосҳои аврупоӣ шавқ пайдо кардаанд, ки барояшон пушидани либоси миллӣ дуюмдараҷа шуда мондааст. Магар духтари тоҷик имрӯз аз зебою шинамии либоси миллӣ бехабар монда бошад. Борҳо сари ин масъала гаштаю баргашта андеша мекунам ва мехоҳам ба ин саволи худ ҷавоб пайдо кунам. Мумкин ба ҳамаи ин паст будани завқи зебоипарстии аҳли оила сабаб бошад ё камтаваҷҷӯҳии атрофиёну ҷомеа?

Чанде пеш тавассути оинаи нилгун як барномаеро дар бораи мардуми қазоқ аз шабакаи дуюми «Россия» пешкаш карданд. Бисёр ҷолиби диққат буд, ки онҳо бо як ифтихори миллӣ расму русум ва либоспӯшиҳои миллӣ худро пешкаши тамошобинон мегардониданд. Баъди тамошои ин намоиш бисёр мехостам, ки либоспӯшиҳои миллии моро ҳам таърифу тарғиб кунанд. Бовар кунед либоси миллии тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо тарзи духташ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Аммо бо боварии комил гуфта метавонам, ки либоспӯшии духтарони тоҷик нисбат ба либоспӯшии духтарони миллатҳои дигар зеботару хушрӯйтар мебошад. Афсус, ки на ҳамаи мардуми мо инро дарк мекунанд. Бисёр хуб мебуд аз тариқи оинаи нилгун оиди нав ба нав такмил додани либоси миллӣ гаштаю баргашта намоишҳо пешкаш мешуд, ва ба ин васила диққати мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекардем. Дар он сурат мардуми моро ҳамчун мардуми зебою эҷодкор мешинохтанд. Бо ин ба дигарон нишон медодем, ки мардуми тоҷик дорои таърих ва фарҳанги қадимаю бой мебошад.

Шумо ба ин навиштаҳои ман ҳамақидаед ё… биёед андешаҳоятонро тавассути нашрияи дӯстдоштаамон “ПАРВИН” ирсол доред.

Саидова фарзона,
хонандаи синфи 9,
мактаби миёнаи № 7.

Барчаспҳо: , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".