Шумо дар: Асосӣ // Лабханд // — Лабханд -

— Лабханд -

ГОВ – БАҚАР

Мулло Насриддин ба Бағдод рафта, дар мадрасаи Низомия таҳсил карда, ба зодгоҳаш баргашту худро таъриф карда гуфт, ки метавонад ба арабӣ мисли арабҳо гап занад.
Аз ӯ пурсиданд, ки арабҳо гӯсоларо чӣ мегӯянд.
Лаҳзае фикр карду ҷавоб дод, ки:
— Сабр мекунанд то калон шавад, баъде ки калон шуд, «бақар» меноманд.

ШАРТИ ҲАҚГӮӢ
Дар беша гурге бо санҷобе рубарӯ шуда пурсид:
Росташро гӯй, дар ҳаққи ман фикри хуб дорӣ ёбад?
— Сабр кун, -гуфт санҷоб саросема шуда, -аввал ба шохи дарахт бароям, баъд рости гапро мегӯям.

ДАР ХОНА НАГӮЕД?!

Карим, аз мактаб баргашта хушҳол вориди хона шуд. Хайрият, ки муаллимонамон набуданд, аз дил гузаронд ӯ.
Модараш пурсид: чанд дарс хондед?
— Ҳамаи дарсҳоро хондам, модарҷон.
— О ҳоло соат даҳ нашудааст, ку?
Хоҳарат ҳам пештар аз ту омад.
— Апаам ҳам омада истодааст, — ҳозирҷавобӣ кард Карим.
Дар ҳамин асно, Ҳалима ҳам вориди хона шудаву салом модарҷон гуфта сӯи утоқи хобаш рафт.
— Ту чанд дарс хондӣ?- пурсид модар.
— Ҳамаи дарсҳоро хондам, -ҷавоб дод Ҳалима роҳравон.
Бегоҳ вақте, ки падар баъд аз кор ба хона баргашт, модар аз дарсхонии фарзандонашон шикоят кард. Гуфт, ки бачаҳо соати ҳашт ба мактаб мераванду, соати даҳ нашуда бармегарданд. Шояд аз дарс гурезанд. Бо онҳо як сӯҳбат мекардед!
Падар фарзандонро як-як пурсон шуд. Рӯзномаҳоро дид. Онҳоро имтиҳон гирифт.
Духтари хурдӣ, Лола, ки дар синфи 5 мехонд, ногоҳ ба падар гуфт:
— Муаллими мо мегӯяд, ки ҳамаи гапу кори мактабро хона набаред. Муаллимҳо низ кор доранд, одаманд. Як ду дарс ҳам, ки хондед, гӯед ки ҳамаи дарсҳоро хондем. Моро нағз дарс медиҳанд. Агар муаллим саратро кафонад ҳам бояд ба касе нагӯем. Хулоса бояд гапи мактабро дар хона нагӯем, ки Қизбони хабаркаш ном мегирем. Лола аз падар илтиҷо мекард, ки ба мактаб наравад, вагарна ҳамсинфонаш ӯро «Қизбон» мегӯянд.
Ана ёбеду гиред. Дар кишварҳои пешрафта, бо истифода аз воситаҳои технологияи навин волидон пайваста аз фаъолияти фарзандон назорат мебаранд. Бо кору бори онҳо аз наздик шиносанд.
Дар мо бошад чӣ?
Оё мо низ бо барқи доимиву интернету … мерасида бошем.
Илми башар ба авҷи фалак бол мезанад,
Дар хокбозианд фарзандони мо ҳанӯз.

Суҳроб Исматов,
деҳкадаи Лолагӣ.

Барчаспҳо: , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".