ҲИКОЯТИ ВАЗИР ВА ПИСАРИ ПОДШОҲ
Вазир гуфт:
— Шунидаам, ки малике аз мулук писаре дошт.
Писар хост, ки ба нахчир шавад, малик вазирро бо ӯ бифиристод. Эшон шикор ҳамекарданд, то ки ба ғазоле бирасиданд. Вазир гуфт:
— Ин ғизолро бигир!
Маликзода асп битохт, ӯ ва ғизол аз дидаи сипоҳиён нопадид шуданд. Маликзода дар биёбон ба ҳайрат андар буд, намедонист куҷо равад.
Он гоҳ духтаре бидид гирён, бо ӯ гуфт:
— Кистӣ ва аз баҳри чӣ гирёнӣ?
Духтар гуфт:
— Ман духтари малики Ҳинд будам, савор гашта ба нахчир шудам, маро хоб даррабуд, аз асп ба зер афтодам ва роҳ ба ҷое надонистам.
Маликзода бад-ӯ раҳмат овард ва ӯро бардошта ба хонаи зин гузошт ва ҳамерафт, то ба ҷазирае бирасид. Духтар аз маликзода дархост кард, ки ӯро аз зин фуруд оварад, чун фуруд овард, дид ки ғӯле аст бадшакл ва муҳиб ва фарзандони худро пеши худ мехонад ва мегӯяд, ки :
— Одами фарбеҳ аз баҳри хӯрдан овардаам.
Маликзода чун ин бишнид, дил ба марг ниҳод ва аз бими ҷон бар худ биларзид.
Ғӯл гуфт:
— Чаро тарсонӣ, охир на ту маликзодаӣ? Чаро ба моли падар аз чанги душман бадар намеравӣ?
Маликзода гуфт:
— Душмани манн аз манн ҷон ҳамехоҳад, на зар!
Ғӯл гуфт:
— Чаро паноҳ аз Худо намехоҳӣ?
Маликзода сар ба осмон карда гуфт:
— Амман йуҷибу-л-музтарра изо даъоҳу (Кӣ (ҷуз Худо) қабул мекунад дуои шахси дармондаву мазлумро чун дуову илтиҷо кунад?). исрифҳу анни иннака ало мо ташоу қадир (Ин (мушкилӣ) –ро аз манн дурр кун. Ҳамоно Ту ба ҳар чӣ ки хостӣ, тавоноӣ).
Ғӯл чун ин бишнид, аз маликзода ба канор рафт.
Маликзода ба пеши падар бозгашт ва ҳадиси вазир бо падар баён кард.
— Ту низ, эй Малик, агар ба гуфтаи ҳакими Рӯён дил биниҳӣ, дар куштани ту тадбире куна два ба зудӣ ккушта шавӣ, чунон, ки дар беҳбудии ту тадбир кард.
Малики Юнон гуфт:
— Рост гуфтӣ, ки ӯ чунон, ки ба осонӣ маро аз барас халос кард, тавонад, ки дастагуле ба ман диҳад, ки манн онро бӯида ҳалок шавам. Акнун бозгӯй, ки раъйи савоб кадом аст?
Вазир гуфт:
— Ӯро бикуш ва аз шарри ӯ ба роҳат андар бош ва пеш аз он ки ӯ бо ту қайд кунад, ту ҳилат бар ӯ тамом кун.
Дарҳол малики Юнон ҳакими Рӯёнро бихост. Ҳакими Рӯён ҳозир омад ва остини маликро бӯса до два гуфт:
Худойгони ҷаҳоно,Худой ёри ту бод,
Саодати абадӣ ҷуфти рӯзгори ту бод.
Ба ҳар куҷо, ки занӣ теғ, даст-дасти ту бод,
Ба ҳар куҷо, ки ниҳӣ пой, кор-кори ту бод.
Ва боз бархонд:
Фахр кун бар ҳама шоҳон, кит уро шояд фахр,
Ноз кун бар ҳама мирон, кит уро зебад ноз,
Гӯи фатҳу зафар андар хами чавгони ту бод!
Чун дили Маҳмуд андар хами зулфайни Аёз.
Ва боз гуфт:
Андеша ба рафтани самандат монад,
Оташ ба синони девбандат монад.
Хуршед ба ҳиммати баландат монад,
Печидани афъӣ ба камандат монад.
Чун ҳакими Рӯён абёт ба анҷом расонид, малик гуфт:
— Донӣ, ки аз баҳри чӣ хостамат?
Ҳаким гуфт:
— Ба ҷуз Худо касе ғайбро намедонад.
Малик гуфт:
— Туро аз баҳри куштан овардаам!
Ҳаким аз ин сухан дар аҷаб шуд ва ҳайрон монда гуфт:
— Ба кадом гуноҳ маро хоҳӣ кушт.
Малик гуфт:
— Ту ҷосусӣ ва ба қасди куштани ман омадаӣ, пеш аз он ки ту маро бикушӣ, ман туро бикушам.
Он гоҳ малик сайёф хост ва ба куштани ҳаким ишорат намуд.
Ҳаким гуфт:
— Маро макуш, ки Худо туро накушад.
Малик гуфт:
— То туро накушам эмин натавонам зист ва ҳаметарсам, к ибо андак чизе маро бикушӣ, чунон, ки чавгон ба дасти манн дода, маро аз барас халос кардӣ.
Ҳаким гуфт:
— Эй малик! Подоши некӯии ман на ин аст.
Малик гуфт:
— Ночор бояд кушта шавӣ.
( давом дорад)

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст