Шумо дар: Асосӣ // Афсона // ҲАЗОРУ ЯК ШАБ» қиссаҳои дилангез аст ҲИКОЯТИ МАЛИКИ ЮНОН ВА ҲАКИМИ РӮЁН

ҲАЗОРУ ЯК ШАБ» қиссаҳои дилангез аст ҲИКОЯТИ МАЛИКИ ЮНОН ВА ҲАКИМИ РӮЁН

шащрзод 3
— Эй малик, шунидам ки танатро нохушӣ фурӯ гирифта ва то кунун илоҷпазир нагашта. Ман мехоҳам, ки муолиҷаат кунам, бе он ки туро шарбате бихӯронам ва равғане бимолам.
Малики Юнон дар аҷаб шуд ва гуфт:
— Чӣ гуна метавонӣ, бе дору ва шарбат муолиҷат намудан ва агар чунин кунӣ, туро бениёз гардонам ва он чӣ, ки орзу дорӣ, бароварам, аммо чӣ рӯз ва чӣ ҳангом муолиҷа хоҳӣ кард? Эй ҳаким дар ин кор бишитоб!
Ҳакими Рӯён замин бӯсида, ба манзил бозгашт ва ба муолиҷат омода шуд. Рӯзи дигар ба пеши малик омада гуфт:
Имрӯз бо гӯй ва чавгон ба майдон ҳамерав!
Чун малик бо гӯй ва чавгон ба майдон шуд, ҳакими Рӯён пеш омад ва чавгон баргирифта, ба малик дод ва гуфт:
— Чунин бигир ва ба қуввати бозу бар гӯй бизан, то дасту танат хай кунад ва дору бар дасти ту нуфуз карда, танатро фурӯ хоҳад гирифт. Он гоҳ ба хона бозгашта, ба гармоба шав ва пас аз гармоба замоне бихоб, ки беҳбудӣ ёбӣ. Вассалом.
Дарҳол малики Юнон савор гашта, чавгон ба каф гирифт ва бар гӯй ҳамезад, то дасту танаш хай кард.Ҳакими Рӯёи донист, ки дору бар тани ӯ нуфуз карда, гуфт:
— Акнун ба хона бозгард ва ба гармоба шав!
Малик ба хона рафта ба гармоба шуд, пас аз шустушӯй аз гармоба берун омада бихуспид. Чун аз хоб бархост дид танаш аз нохушӣ пок гашта, ба сими сафед ҳамемонад, шодмон ва хурсанд гардид. Рӯзи дигар ҳаким ба боргоҳ шуд ва замин бибӯсид ва ба тарафи бисот истода гуфт:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ҳодиси шахси ту дардманд мабод!Дар замони Форс ва Рӯён малике буд, малики Юнонаш гуфтандӣ ва дар тани он малик нохушии барас буд, ки атиббо аз муолиҳати он ахз доштанд. Рӯзе ҳакими солхӯрдае ба он шаҳр омад, ки ҳакими Рӯён ном дошт ва луғати юнонӣ ва форсӣ ва румӣ ва арабӣ ва суқуду зиёни гиёҳҳо ва барги дарахтон нек бидонистӣ. Пас, ҳаким чанд рӯзе дар он ҷо бимонд ва шунид, ки тани малик барас дорад ва атиббо дар илоҷи он оҷиз шудаанд, бархоста ба пеши малики Юнон шуд ва замин бӯсида, табибии худро бар малик арз намуд ва гуфт:

Ҳаким шеър ба анҷом расонид, малик бар по хоста ӯро дар оғӯш гирифт ва дар паҳлӯй ба хештан биншонд, пас аз он хонҳои таом биниҳоданд ва хӯрданӣ бихӯрданд ва то пасин ба сӯҳбат ва мунодимат бинишастанд. Он гоҳ малик ду ҳазор динори зар ва ҳадяҳои гаронбаҳо ба ҳаким дод, ҳаким ба хона бозгашт ва малик хурсанд нишаста, ба кирдори неки ҳаким сипос ҳамегуфт. Чун рӯзи дигар шуд малик ба девон барнишаст ва ҳаким низ ба боргоҳ омада, замин бибӯсид. Малик ӯро дар паҳлӯи худ ҷой дод. Чун ҳаким хост бозгардад, малик ҳазор динор зар бо хилъатҳо ва ҳадяҳо бад-ӯ дод.Маликро ко бо ҳаким бад-ин ҷо расид ва аммо вазири малик марди бахил ва бадхоҳ буд. Чун бахшишҳои малики Юнонро ба ҳакими Рӯён бидид, ба ӯ рашк овард ва бадхоҳии ӯ дар дил гирифт ва ба пешгоҳи малики Юнон рафта, замини ниёз бӯса дод ва гуфт:
Эй малик, бандагони даргоҳро фарз аст, ки маликро аз он чӣ бинанд, огоҳ кунанд ва пандеро, ки судманд аст, бозгӯянд.
Малик гуфт:
— Панд бозгӯй.
Вазир гуфт:
— Пешиниён гуфтаанд: « Ҳар ки дар оқибати корҳо андеша накунад, ба ранҷ андар афтад». Ман маликро дар тариқи носавоб мебинам, ки дар душман ва бадхоҳи хеш чандин ато ва бахшиш мекунад ва аз ин кор басе ҳарос дорам.
Малик чун ин бишнид,ба ҳам баромад ва рангаш паридан гирифт. Аз вазир пурсид, ки:
— Бадхоҳ кист?
Вазир гуфт:
— Ҳакими Рӯён душмани ҷони малик аст.
Малик гуфт:
— Чи гунна бадхоҳ аст, ки бе заҳмати муолиҷат маро аз ранҷи чунон нохушӣ халос кард, агар ман ӯро мамлакати анбоз ва подшоҳи худ кунам, ҳанӯз подоши садяки некӯии ӯ нахоҳад буд. Гумон дорам, ки ту ин суханро аз рашк гуфтӣ ва ҳамехоҳӣ, ки бад-он сон, ки малики Синдбод пушаймон шуд.
Чун қисса бад-ин ҷо расид, бомдод шуд ва Шаҳрзод лаб аз достон фурӯ баст.

(давом дорад)

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".