Рустам дар синфашон вазифаи сардори синфро иҷро мекард. Роҳбари синфашон Собирӣ сустии корашро дида аз сардорӣ озодаш кард. Рустам эътироз баён карда гуфт:
— Муаллим маро бобоям , падарам, модарам сардор гузаштагӣ, ман бояд дар синф сардор монам.
ВАҚТРО ХУРДЕД
Муаллим Асадӣ чанд дақиқаи қисми аввали дарсро ба тарбияи ахлоқӣ бахшида дар охир гуфт:
— Бачаҳо агар ахлоқи шумо хуб бошад дониш ҳам хуб мешавад. Ҳошим якбора аз ҷояш хеста гуфт:
— Муаллимҷон Шумо алакай бист дақиқаи вақти моро хурдед.
НАҶИБ-КУ НЕ МИНИК МЕШАВЕД
Муаллима Меҳриниссо ба рӯзи ҷашн саҳначае омода мекард. Ҳар як хонанда аз рӯи супориши муаллима нақшеро иҷро мекард. Баъди иҷрои машқи навбатӣ хонанда Раҷабӣ гуфт: Нақши ман чӣ гуна баромад. – Ҳа гуфтагӣ барин шумо-ку Наҷиб шуда наметавонед, вале Миник мешавед.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст