Сайёд гуфт:
— Эй ифрит! Акнун охирӯззамон аст ва Сулаймон ҳазору ҳаштсол аст сипарӣ шуда, ҳикояти хеш бозгӯй.
Чун ифрит сухани сайёд бишнид, гуфт:
— Эй мард, омодаи марг бош!
Сайёд гуфт:
— Сазои ман, ки ӯро аз чунин зиндон раҳо кардам, ин хоҳад буд?
Ифрит гуфт:
— Оре, туро аз марг чора нест. Акнун дархоҳ, ки ӯро чигуна бикушам?
Сайёд гуфт:
Ё-гуноҳи ман чист, ки бояд ночор кушта шавам?
Ифрит гуфт:
— Ҳикояти маро бишнав!
Сайёд гуфт:
— Бозгӯй, валекин сухан дароз макун, ки наздик аст, аз бим ҷон аз танам ҷудо шавад.
Ифрит гуфт ки
— Ман ва Сахрулхин исёни Сулаймон карда, ба Худои ӯ имон наёвардем. Ӯ вазири худ Осаф ибни Бархиёро назди ман фиристод, ӯ маро пеши Сулаймон бурд. Аз ман парастиш ва фармонбардорӣ хостанд. Ман сарпечӣ намудам. Ҳамин хумраи рӯинро бихост ва маро дар ин ҷо ба зиндон андар карда, бо арзиз сари онро бияндуд ва мӯҳр карда фармуд, маро ба ин дунё андохтанд, ҳафтсад сол дар қаъри дарё бимондам ва дар дил доштам, ки ҳар кӣ маро халос кунад, ӯро то абад аз моли дунё бениёз гардонам. Касе маро аз он варта халос накард. Ҳафтсад соли дигар бимондам, бо худ гуфтам: «Ҳар, ки маро раҳо кунад, ганҷҳои заминро аз баҳри ӯ бикушоям», касе маро нараҳонд. Чаҳорсад соли дигар бимондам, бо худ гуфтам: «Ҳар кас маро бираҳонад, ӯро ба ҳар гуна, ки худ хоҳад, бикушам». Дар ин мақол будам, ки ту маро берун оварда, мӯҳр аз хумра бардоштӣ. Акнун бозгӯй, ки туро чигуна бикушам?
Чун сайёд инро бишнид, ба ҳайрат андар шуд ва бигрист ва ӯро савганд дода, бахшоиш таманно кард.
Ифрит гуфт:
Эй дӯстӣ намудаву пайваста душманӣ,
Дар шарти ту набуд, ки бо ман ту ин кунӣ.
Бар дӯстии ту чу маро буд эътимод,
Ҳаргиз гумон набурдам, бар ту ки душманӣ!
Ифрит гуфт:
— Дар ҳаёт тамаъ мабанд, ки ба ҷуз марг чора надорӣ.
Саёд бо худ гуфт: «Ту одамизода ҳастӣ ва ин аз ҷинниён аст, ту бояд дар ҳалоки ин тадбире кунӣ».
Пас ба ифрит гуфт:
— Акнун, ки маро хоҳи кушт, туро ба номи Худои бузург савганд медиҳам, ки рост бигӯ, ки ту бо ин ҳайкали бузург дар ин хумра чӣ тавр ҷо гирифта будӣ?
Ифрит гуфт:
— Магар туро гумон ин аст, ки ман ба хумра андар набудам?
Сайёд гуфт:
— То аён набинам, бовар накунам.
Чун қисса бад-ин ҷо расид, бомдод шуд ва Шаҳрзод лаб аз достон фурӯ баст.
ЧУН ШАБИ ЧАҲОРУМ БАРОМАД, ГУФТ:
— Эй малики ҷавонбахт, чун сайёд ба ифрит гуфт:
— То аён набинам, бовар накунам.
Ифрит дуде гашта бар ҳаво баланд шуд ва ба хумра андар фуруд омад. Филҳол сайёд мӯҳр бар сари хумра гузошта бонг бар ифрит зад , ки:
— Бозгӯй, акнун бо ту чӣ кор кунам?
Ифрит хост, ки берун ояд, бадар омадан натавонист ва донист, ки сайёд ӯро дар зиндон карда ва мӯҳри Сулаймони набӣ бар он ниҳодааст. Пас, сайёд рӯинхумраро баргирифта, ба канори дарё шуд. Ифрит гуфт:
— Чӣ хоҳӣ кардан?
Гуфт:
— Туро ба дарё хоҳам афканд, ки то абад дар он ҷо бимонӣ.
Ифрит бинолид ва гуфт:
— Мӯҳр аз сари хумра бардор ва маро раҳо кун, ки ба подоши некӯ хоҳӣ расид.
Сайёд гуфт:
— Дурӯғ мегӯӣ ва масали ману ту, мисли вазири малики Юнон ва ҳақими Рӯён аст ва он ин буда, ки:
(давом дорад)

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст