
( ҳеҷ устоде) ба устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Пас, ҳар ки хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард… Ба ғояти далел равшан аст, бар он ки устод бояд ва бе мутобиати устод аз ҳеҷ кас коре наояд:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
Пурсанд, ки одоби шогирд чан даст, бигуй, ҳашт:
Аввал чун дарояд, ибтидо ба салом кунад. Дуюм дар пеши устод кам сухан гӯяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм ба ҳар ҷой накшояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур (иҷозат) талабад. Шашум, чун ҷавоб гӯяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе сухани саргӯшӣ (гӯшакӣ) накунад. Ҳаштум, ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад.Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Нақл аст, ки агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст