
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи мактабу маориф ғамхории доимӣ менамояд. Арафаи соли нави хониш дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки бевоситаи сарвари давлат мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи расмӣ ва ба истифода додани мактабҳои нав ҳангоми сафараш дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Вахшу Кулоб ба вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ин рӯйдодҳои фараҳбахш баромад карда, ифтитоҳи мактабҳои навро тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашнҳои 19 солагии истиқлолият номид.
Президенти мамлакат рӯшди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, насли наврасро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани таъриху адабиёти миллӣ, фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ даъват намуд, то ки онҳо тавонанддар замони рушди босуръати илму техника дар таъмини ояндаи дурахшони Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Зимни сӯҳбат Сарвари давлат ифтитоҳи мактаби навро барои омӯзгорону хонандагон ва падару модарони онҳо табрику таҳният гуфта ин таълимгоҳи бошукӯҳро тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо маънидод кард.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ояндаи Тоҷикистон ба дасти шумо насли наврас аст, аз ин хотир вазифаи асосии шумо дар даврони мактабӣ омӯхтани амиқи фанҳои гуногун, забонҳои хориҷӣ ва компютеру технологияҳои иттилоотӣ аст. 
Ӯмуман оғози соли нави хониш дар ҳаёти мактабиёни кишвар хотирмону фаромӯшношуданист.Имрӯз дар ҳамаи гушаву канори кишвари азизамон ид аст, иди дониш ва дарси сулҳ. Ин рӯзҳо пеш аз ҳама хурдтаракон- онҳое, ки маротибаи аввал пой бар остонаи мактаб мениҳанд, бесаброна интизоранд.
Шумо дар: Асосӣ // Ахбори рангин // 1- СЕНТЯБР- РӮЗИ ДОНИШ

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст