Шумо дар: Асосӣ // Мактубҳо // ОИЛА САРЧАШМАИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

ОИЛА САРЧАШМАИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

оила
Оилаи имрӯзаи ҷомеаи мо табиатан аз оилаҳои панҷоҳ соли пештар аз нигоҳи диду фаросат фарқ мекунад. Тавассути пешрафти илму техникӣ низомӣ бозоргонӣ ва таъсири матбуоти даврӣ, телевизион, шабакаи ҷаҳонӣ « Интернет» сатҳи фаҳмишашон хеле боло рафтааст. Муассисаҳои таълиму тарбиявӣ ва кули зиёди оилаҳо техникаи замонавӣ дар симои телевизиону магнитофон ва компютерро хуб дарк карда ин таҷҳизотҳо ба ҳаёти маънавӣ, ақлонию зеҳнии кӯдакону калонсолон таъсири назаррас мерасонанд. Мувофиқи нишондоди ЮНЕСКО кӯдакони 3-5 сола дар як ҳафта то 28 соат вақти худро дар назди телевизион мегузаронанд, ки ин ба вазъи саломатии ҷисмонию фикрии онон таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдакону наврасони ноболиғ соатҳои тӯлонӣ машғули тамошои филмҳои фаҳшу пастмазмуни тарғибкунандаи куштору таҷовуз, зӯроварию тероризм мегарданд. Вақти он расидааст, ки волидон вақт ва барномаҳои тамошобоби кӯдаконро муайян намуда тамошои телевизиону видиофилмҳоро на барои воситаи вақтгузаронӣ, балки чун воситаи тарбиявӣ, истироҳату фароғати онҳо истифода баранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф дар назди волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда вазифаҳои масъулиятнокро пеш гузоштааст ва дар сурати беэътиноӣ ба он ё мухолифи онҳо амал кардан, ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Азбаски сатҳи зиндагӣ ва масъулиятнокии падару модарон гуногун аст, тарбияи кӯдакон низ як хел нест. Оилаҳое ҳастанд, ки ба шароити мусоиди зиндагӣ нигоҳ накарда дар тарбияи фарзанд саҳми фаъол мегиранд. Вале баъзеҳо саҳлнигорӣ мекунанд, ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Дар оилаҳои ҷавон бошад, ба сабаби камтаҷрибагӣ тарбияи кӯдакон коста мешавад. Дигар сабаби он дар оила аз ҳад зиёд ҳукмравоии доштани калонсолон аст, ки кӯдакон аз тарс мустақилияти хешро гум мекунанд. Дар чунин вазъият майлу рағбат, озодии онҳо зери фишор мемонад. Камбудии дигари тарбияи оилавӣ аз ҳад зиёд нозпарвару «эрка» тарбия кардани кӯдакон аст. Ин ба он сабаб рӯй медиҳад, ки волидайн фарзанди худро аз меъёр зиёд дӯстдорӣ мекунад, ҳеҷ чизро дареғ намедорад, ҳатто гуноҳояшонро навозишкорона мебахшад, оқибат кӯдак ба такаббур рӯй оварда худбину бахил калон мешавад. Дар оилаҳои дигар падару модар нисбати фарзанд серталабӣ мекунанд, бобою бибӣ тарафи кӯдакро гирифта навозиш мекунанд. Дар чунин ҳолат кӯдакон тарбияи нодуруст мегиранд.
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки он кӯдаке бештар инкишоф меёбад, ки волидон дар хона муҳити солими руҳӣ фароҳам оваранд ва худашон дар меҳнати содиқона намунаи ибратанд. Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар аҳлу раъят набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Хулоса, падару модарони мӯҳтарам! Оила макони муқаддасест, ки одоб, ахлоқ, муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Калонсолонро иззату эҳтиром кардан, ба хурдсолон шафқату меҳрубонӣ нишон додан, ба рафиқон самимию дилсӯз буданро дар оила меомӯзанд. Кӯдаке, ки дар оилаи солим ба воя мерасад, барои миллат фоидаовар мебошад. Муҳимтарин воситаи тарбияи кӯдакон, муваффақ шудан, ин риояи амали сегона: муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Падару модароне, ки ин роҳро пеш мегиранд, бе ташвиш ва осуда хоҳанд буд, ҷомеа бошад ободу бехавфу хатар мешавад.
Фарзанди хуб боғи падар,
Фарзанди бад доғи падар.Тарбия намудани насли давронсоз дар замоне, ки ҷомеаи мо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, муҳимтарин воситаи расидан ба ин ҳадафи волою муқаддас мебошад. Тарбияи фарзанд аз оила сарчашма гирифта дар ҷомеъа рушду нумӯъ меёбад. Ақидаю ҷаҳонбинӣ, расму одатҳои оила ва волидайн дар ташаккули минбаъдаи равонӣ ва шахсияти мактаббачагон замина мегузорад. Тарбияи оилавӣ ва қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад ва ҳадафи он оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст.

И.Неъматов, омӯзгор.

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".