
Кишварро обод кунем
Чашми ҳасудонро
Кури умрбод кунем
Роғун шавад ободон
Хонаҳомон чароғон
Дар лаби ҳар фарди тоҷик
Ханда бошад ҳукумрон
Роғун манбаи нур аст
Чашми ҳасуд кур аст
Иродаи халқи мо
Имрӯз бубин, ки зур аст
Роғун майдони ҷанг аст
Халқи тоҷик бонанг аст
Дар сохтмони ин мулк
Ҳиммати мо баланд аст
Меҳнати зарбдори мо
Ҳосилоти кори мо
Барои насли наврас
Ободи бошад зи мо.Роғунро бунёд кунем
Алиева Робиа
хонандаи синфи 8,
мактаби № 19.
ОФТОБИ ЗИНДАГОНӢ
Падар чун офтоби зиндагӣ,
Бубахшад нури гарми меҳрубонӣ.
Барои хотири фарзанди некӯ,
Бубахшад ӯ ҷаҳони комронӣ.
Баҳори бехазони ман, падарҷон,
Ҷаҳони бекарони ман, падарҷон.
Бувад ӯ аз ҳама боло бароям,
Фурӯғи дидагони ман, падарҷон.
Расулова Мавҷуда
хонандаи синфи 7.
РОҒУН
Аз шукри ҳифзи миллат, Роғун гардад обод,
Аз шодию муҳаббат, Роғун гардад обод.
Дар сохтмони НОБ-ҳо тоҷик сарбаланд аст,
Бо дуъои миллат, Роғун гардад обод.
Тоҷик нур барорад, нури саодат орад,
Бо нангу рӯҳи миллат, Роғун гардад обод.
ТОҶИКИСТОН

Сабзаи хокаш пару боли ман аст.
Ӯ бузург аст дар дилам бо қуллаҳош,
Тоҷикистон нури имони ман аст.Тоҷикистон гавҳари умри ман аст,
Абдуназаров Равшан
хонандаи синфи 11,
мактаби № 33.
«ПАРВИН»
Хонед шумо бачаҳо
Чун шеъри тозаву тар
Ҳам расмҳои зебо
Дар рӯзномаи «Парвин»
Дар васфи падар модар
Ҳам Роғуну муаллим
Чун шеърҳои зебо
Дар рӯзномаи «Парвин»
Афсонаҳои зебо
Чистонҳои дилоро
Бо шавқ хонед бачаҳо
Аз рӯзномаи «Парвин».
Идизода Кароматулло
синфи 7, мактаби № 35.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст