Шумо дар: Асосӣ // Чист он? // ЧИСТ ОН ?

ЧИСТ ОН ?

464153
Зимистон бологузар.
(печка)Дар тобистон дарди сар,

Дар гӯш дорад як даҳон,
Даҳонаш хеле калон.
Ҳамроҳи мо нишинад,
Аз мо боло нишинад.
(телпак)

Даруни шиғи сафед,
Хобида барраи маст.
Ёрирасони хӯрдан,
Вале бепою бе даст.
(забон)

Дидам чархе гирдгардон,
Хӯрад оби фаровон.
Ҳосилаш ҳамчун оташ,
Оташаш роҳати ҷон.
(агрегат)

Дидам ҷонвари бобе,
Дар гарданаш танобе.
Бо як ишора беҷон,
Бо як ишора хандон.
(чароғ)

Ба роҳи худ равон аст,
Ҳама чиро ӯ ҷон аст.
(об)

Се ҳарфаки алифбо,
Манбаи нуру зиё.
(ГЭС)

Хонааш дар сари мо,
Мегардад рӯи дунё.
(ақл)

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".