Шумо дар: Асосӣ // Одобнома // НОМУСИ ФАРЗАНД

НОМУСИ ФАРЗАНД

Зан — модар бояд ғурур дошта бошад ва нагузорад, ки нохалафон шаъну шарафи ӯро паст зананд. Яке аз нишонаҳои ғурури зан – модар ҳамин аст, ки ӯ ҳиматбаланду шикастанафс аст. Вақте ки Султон Маҳмуд иштибоҳи худро дар ҳаққи Фирдавсии бузургвор фаҳмид, чил ҳазор динор тилло ( ҳадя) фиристод. Вале дер шуда буд. Ҳадяро мехоҳанд ба Манижа – духтари Фирдавсӣ диҳанд. Навкарони шоҳ фармони шоҳро эълон ва онҳоро намуда гуфт:
— Соҳиби давлат шудед, шукр гӯед, шодӣ кунед, султони раиятпарвари атобахшро дуо кунед.
Навкарон якчанд саночи пури динори тиллоро оварда ба пеши Манижа ва писару духтари ӯ гузоштанд.
Манижабону пероҳани кабуди мотамро ҳанӯз аз танаш накашида буд. Чашмонаш аз ашк тар буданд. Бо овози гиряолуд ба ҳоким гуфт:
— Ба чӣ шодӣ кунем, ҷаноби олӣ? Оё ба марги падару бобо шодӣ кунем, ки худ рафту ин давлат ба мо гузошт. Қатраҳои бороне, ки рӯзи дафнии падарам ба турбати ӯ борида буд, ҳанӯз нахушкидаасту шумо мегӯед «шодӣ кунед»! Чаро дар зиндагии падарам қадри ӯро надонистанд, хору зораш карданд, тӯҳматзадаи куфру бидъаташ карданд, дар ғурбат сарсону саргардонаш карданд? Чаро силаро дар зиндагиаш нафиристонданду вайро шод накарданд? Чаро мунтазир шуданд, ки ӯ ба хорӣ бимирад. Магар ман ва ин набераҳои падарам он кулфату мусибатҳои ба ноҳақ ба сари падарам омада, он ҳама бедодӣ, он ҳама тӯҳматҳои сиёҳро, ки ба подоши ранҷи сиюпанҷсолааш дар ҳаққи ӯ карданд фаромӯш карда метавонем? На, наметавонем. Мо аторо намегирем. Равони поки падарам ба мо қабули ин атои шоҳро намебахшад.
Мушовирон ва муқаррабони ҳоким ҳарчанд ба Манижабону насиҳат карданд, суд набахшид. Манижабону аз қавлаш нагашт.
— Меравем, — гуфт ӯ ба шавҳараш ва бачаҳояш.
Ҳамагон аз боргоҳи ҳоким бадар рафтанд.

Барчаспҳо: , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".