Ҳамаро созад гирён.
Ҳамаро хонавайрон,
Тухми одамӣ қурбон.
Деви сиёҳи бераҳм,
Чист ҷавоби ин чистон?
( ҷанг)Ҳама аз ӯ гурезон,
Хонаҳо қатор-қатор,
Зинадор, хонадор.
Хонаҳоро ларзонда,
Бачаҳоро тарсонда.
(қатора)
Ранго баранг дастархон,
Дар вай тамоми осмон.
(харита)
Кист мунаввар сохт оламро,
Кист донишвар сохт одамро.
(китоб)
Субҳ дамид, боғ сермева шуд.
(мактаб)
Дар шаби тор нисфи фатир,
Атрофи он арзанхамир.
(моҳу ситора)

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст