Чанде аз ин бигзашт ва замона басе авроқи сафеду сиёҳи шабу рӯз бигардонид. Рӯзе Қуббара ғоиб буд, бачаи ӯ дар канори шаҳзода ҷаст бо сарпанҷаи худ дасти шаҳзодаро захм зад. Шаҳзода ба хашм омада ҳаққи улфат ва сӯҳбати қадимро барбод дода, пои мурғакро гирифта гирди сар бигардонид ва чунон маҳкам ба замин зад, ки мурғак ҳалок шуд.
Чун Қуббара бозомад бачаро кушта дид наздик буд, ки мурғи рӯҳаш аз қафаси бадан парвоз кунад. Аз ҳавли ин воқеа фарёду нола ба осмон расонид. Баъд аз фиғону нолаи бешумор ба худ андешид, ки ин оташи балоро худи ту афрухтаӣ. Ту ба ин хорӣ мебоист бар сари деворе ошёна месохтӣ ва ба ҳарамсарои султон чӣ кор доштӣ, ту бояд ба тарбияи бачаи худ машғул мешудӣ ва ба парвариши бачаи султон чаро машғул гаштӣ? Агар ба гӯшаю тӯшаи худ қаноат медоштӣ, имрӯз ба ин бало мубтало нагашта ғусса намекашидӣ!
Ман дигар фурсат ва ҷазои ин воқеаро аз даст нахоҳам дод. То кинаи бачаи хеш аз золими бераҳм ва ситамгари хунхор, ки ҳамнишину муниси қарини худро бе сабабе бикушт, бозрабуям орому қарор нахоҳам гирифт.
Пас Қуббара бар рӯи маликзода ҷаст ва чашми ӯро барканд ва парвоз карда ба кунгураи кушк нишаст. Ин хабар ба шоҳ расид ва барои чашми писар гиряҳо кард ва хост, ки мурғро ба ҳилла ба доми фиреб ораду ҷазои ӯро диҳад. Шоҳ ба зери кушк омада дар баробари Қуббара истода гуфт:
— Эй муниси рӯзгор аз боло фуруд ой, ки аз ҷон эмин ҳастӣ. Ҳоло сӯҳбати маро барҳам назан ва ниҳоли айши маро пажмурда насоз.
Қуббара гуфт:
— Эй малик, фармони туро итоат кардан ба дӯстон фарз аст, аммо пас аз он ки писари ман дар инҷо ҳалок гашт ман дигар чӣ гуна орзуи зиёрати ин даргоҳ кунам. Малик медонад, ки каси гунаҳгор эмин зиндагӣ карда наметавонад. Агар имрӯз набошад фардо уқубати он ба кас мерасад.
Агар худи вай ба мусоидати бахти баланд аз он қазо наҷот ёбад, авлоду насли ӯ талхии ранҷи ӯро бояд чашид.Дар замонҳои хело қадим Ибни Мудайян ном малике буд ва ӯ мурғе дошт, ки онро Қубарра мегуфтанд. Малик ин мурғро дӯст медошт ва ҳамеша бо ӯ буд. Он мурғ ҳусни комил дошт. Ҳамеша малик бо ӯ сухан мегуфт ва аз ҷавобҳои ширину масалҳои рангини ӯ мамнун мегашт.Иттифоқо Қуббара дар кушки подшоҳ тухм монда бача берун овард. Малик аз ғояти дилбастагӣ фармуд, ки ӯро ба ҳарамсарой баранд ва ба хизматгорон ҳукм шуд, ки бачаи Қуббараро нағз нигоҳубин кунанд. Ҳамон рӯз подшоҳ низ бачадор шуд. Маликзода ҳамеша бо мурғак бозӣ мекард ва ҳар рӯз Қуббара ба кӯҳҳову бешаҳо рафта аз меваҳое, ки мардум онро намедонистанд ва агар донанд ҳам ба он расида наметавонистанд, ду адад оварда якеро ба маликзода ва дигареро ба бачаи худ медод. Кӯдакон аз он лаззат гирифта ба нишоту рағбат мехӯрданд ва асири манфиати меваҳо ҳар чи зудтар ба ҷисми онҳо намудор мешуд, чунон чи дар андак муддат бисёр биболиданд. Ба василаи ин хизмат қадру манзалати Қуббара дар назди шоҳ рӯз аз рӯз меафзуд.
Шумо дар: Асосӣ // Афсона // ҚУББАРА …

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст