Муаллимон Ҷаъфару Ҷобир дар саҳни мактаб доири кадом масъалае сӯҳбат доштанд.
Нохост Алиро Валӣ думболагир карда аз даромадгоҳи таълимгоҳ берун ронда, суханҳои қабеҳ медод. Ҷаъфар Алиро Ҷобир бошад Валиро дошта гирифтанд.
Ҳа, бетамизҳо ин чи суханҳои зиштест, ки аз забони шумо мебарояд. Алию Валӣ бо як овоз мегуфтанд:
— муаллимҷон мебахшед дигар такрор намешавад.
— Ҷои бахшиш нест, мо шуморо имтиҳон мекунем, дақиқ ҷавоб додед мебахшематон, -гуфтанд муаллимон.
Муаллим Ҷаъфар савол дод:
— Канӣ гӯед, ки ҷумла чист? Ҷумлаҳо чанд хел мешавад?
Валӣ пешдастӣ карда гуфт:
— Муаллимҷон китобам дар сумка мондааст, вагарна аниқ ҷавоб медодам.
ЧАНД АСТ
Ҳангоми кори санҷишӣ аз фанни кимиё Фирӯз, ки тарафи рост буд, ба ҳал кардани масъалаҳои тарафи чап шурӯъ кард. Муаллим аз ӯ савол кард:
— Фирӯз чаро шумо масъалаҳои тарафи худро ҳал намекунед?
Ҳампаҳлӯи Фирӯз Фирдавсӣ гуфт:
— Мебахшед муаллим, Фирӯз, ки чапдаст аст тарафи чапро маъқул шуморид.
ҲАФТАҲО БА ДАРС НАМЕОЯД
Модари Ҳафиза холаи Майрама ба таълимгоҳ омада ҷанҷол бардошта гуфт:
— Чаро дар рӯзномаи духтари ман Ҳафиза баҳо кам?
Роҳбари синфаш Фозилӣ, ки он ҷо буд гуфт:
— Хола шумо беҳуда мағал мебардоред. Хубу аъло хондани фарзанди шумо ба мунтазам ба дарс омадани худи Ҳафиза вобастагӣ дорад. Ҳол он ки духтарат ҳафтаҳо ба дарс намеояду боре намепурсӣ.
Қ. Ҷомӣ.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст