Суқрот гуфтааст, ки ҳеҷ ганҷе беҳ аз дониш нест ва ҳеҷ душман бадтар аз хӯи бад нест ва ҳеҷ соҳибэҳтиромие бузургвортар аз донишмандӣ ва ҳеҷ либос аз шарм нест.
Пас ҳар вақту ҳар ҳол, ки бошад, бояд, ки ҳар як соати ту бе донишомӯзӣ нагузарад. Ва агар доное ҳозир набошад, аз нодоне биёмӯз, ки дониш аз нодон низ бояд биомӯхт.
Аз он ки ҳар гоҳ ба чашми дил ва дидаи ақл ба нодон нигарӣ, он чӣ туро аз ( рафторӣ) вай писанд наояд, донӣ, ки набояд кард.
Чунон ки Искандар гуфт:
Ман манфиате на аз дӯстон ёфтам, балки бештар аз душманон ёфтам. Агар дар ман феъле бад бошад, дӯстон аз роҳи шавқат бипӯшонанд, то ман надорам. Аммо душманон аз роҳи бадбинӣ айби маро ба манн бигӯянд айбам ба ман маълум гардад. Он айбро аз худ дур кунам. Пас манфиати бештар аз душман ёфтам.

Чун дар хештан ҳунаре бинӣ, ки дар амсоли худ набинӣ, ҳамеша худро фузун аз эшон донӣ ва мардумон низ туро фузунтар донанд аз ҳамасрони ту ба қадру ба фазлу ҳунари ту.
Унсурмаолии Кайковус.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст