Шумо дар: Асосӣ // Афсона // ЗАНАКИ БАДНАФС

ЗАНАКИ БАДНАФС

Буд набуд, як мусофир буд. Вай барои ризқу рӯзӣ пайдо кардан ба ҷойҳои дур рафт ва ҳангоми баргаштан ба зодгоҳаш ба меҳмонхонаи як деҳа даромад, ки шабро рӯз кунад. Дар сари китфаш хӯрҷини пур аз чизу чора буд. Соҳиби меҳмонхона як занаки баднафс буд. Хӯрҷинро дида, қасди гирифтан кард. Вай меҳмонро ҷо карду давида ба назди шавҳараш рафта, маслиҳат пурсид.

— Ин кори осон аст, — ҷавоб дод шавҳараш. Камтар аз гиёҳи талхшувоқ ҷӯшонида ба таомаш рез. Ҳамин ки нӯшид, фаромӯшхотир ки шуд, хӯрҷинашро партофта меравад.

Занаки баднафс маҳз ҳамин хел рафтор кард. Гиёҳи талхшувоқро ҷӯшонда ба таоми меҳмон омехта хӯронд. Меҳмон чизеро пайхас накард. Фақат сараш каме вазнин шуд. Хобаш омад ва хоб кард.

Пагоҳӣ вай мисли ҳамешагӣ хеле барвақт аз хоб бедор шуду рафт. Лекин сараш, рости гап, ҳанӯз вазнин буд, балки каме дард мекард.

Баъд аз чанд соат соҳиби хона, яъне зани баднафс низ бедор шуд ва ба тарафи меҳмонхонааш давид, ки хӯрҷини фаромӯшшударо бигирад. Вале хона холӣ буд. Меҳмон лоақал сӯзанеро фаромӯш накарда аст. Бо вуҷуди ин занаки баднафс хонаро тагурӯ кард ва ниҳоят ноумед шуда, ба назди шавҳараш рафту гуфт:

— Гиёҳи талхшувоқи ту ҳеҷ нафъ накард. Меҳмон хӯрҷинашро бардошта бурдааст.

— Ҳеҷ мумкин нест! – хитоб кард шавҳараш.
Бояд ягон чизро фаромӯш карда бошад! Рафта хонаро дубора дурусттар бин.

Занаки баднафс дубора ба меҳмонхона рафт. Ҳама ҷоро тагурӯ кард. Банохост дар миёнаҷойи хона истод. Мушти обдоре ба сараш зад. Дар ҷояш нишаст ва бо буди овоз фиғон кашид. Овози ӯро шунида шавҳараш чӣ гап шуда бошад гуфта, саросема давида омад. Вақте ки вай аз дар даромад, занаки баднафс гуфт:

— Ҳа, фаромӯш кардааст!
— Канӣ не, куҷост не, пурс, ки чиро, Луқма дод занак.
— Хайр, чиро фаромӯш кардааст, пурсид мард.
— Пули меҳмонхонаро!

Барчаспҳо: , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".