Ҳастии ман, фахри ман, шони ман аст.Тоҷикистон нури чашмони ман аст,
Халқи тоҷик дар тулии таърихи чанд ҳазор солаи худ бисёр душвориҳоро паси сар намудаву лек забону фарҳанг ва дину оини худро аз даст надод. Маҳз барои пойдориву ҳастии он марзу буми Тоҷикистонро дӯст медорему барои ҳастиаш ҷоннисориҳо мекунем, ва намегузорем нохалафе онро доғдор ва қисмат намояд. Беҳуда шоири шинохта Камол Насрулло нагуфтааст:
Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора- пора байни фарзандон?
Агар модари мушфиқ моро ба дунё оварда бошад, Тоҷикистон модари дуюмамон моро ба оғӯш гирифта зиндагии тенҷу осударо додаст. Мо омодаем ӯро обод намуда мавриди таваҷҷӯҳи оламиён гардонем, исбот намоем, ки мо бо Тоҷикистони биҳиштосо зиндаем. Мо фахр мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем, ки соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва озодӣ мебошад. Муҳаббат ба Ватан асосан аз даврони кӯдакӣ оғоз шуда, пасон бо калон гаштан ин муҳаббату дилбастагӣ зиёда мегардад, боиси дӯст доштани ҳар зарра хоку ҳар қатра обаш мегардию ба он дил мебандӣ. Манн низ Ватани азизам Тоҷикистонро чун ҷон дӯст медорам ва қарзи фарзандиро адо хоҳам намуд, чунки аз ҳавои софаш нафас мекашаму аз обҳои зулоли нуқрагинаш менӯшам. Барои ҳамаи ин шукрона мекунам.
Тоҷикистон, Тоҷикистон,мекунем шукри каму бисёри тӯ,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳасту, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Абдураҳмонова Гулбаҳор,
хонандаи синфи 8,
мактаби миёнаи № 53,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст