Падар духтарчаашро ба Боғи ҳайвонот бурд.
Духтарча товусро дида шодикунон гуфт.
— Дада, дада, нигоҳ кунед, мурғ гул кардааст.
ТААҶҶУБИ КӮДАК
Фирӯзаи хурдсол аз падараш пурсид:
— Дадаҷон, шумо номи модарамро намедонед?
— Медонам, чаро мепурсӣ?
— Ин хел бошад, барои чӣ ба вай гап заданӣ шавед, номи маро гирифта, Фирӯза мегӯед?!
ТОҚИИ ЛОЙОЛУД
Писараке аз мактаб ба хона баргашт. Модараш дид, ки каллапӯши наппа – нави ӯ ба лой олудааст, асабӣ шуда, пурсид:
— Ин чӣ гап?
Писарак узрхоҳона гуфт:
— Ман не… бачаҳо…
— Чи бачаҳо? – боз пурсид модараш.
— Калпӯшамро аз сарам гирифтанду футболбозӣ карданд.
— Ту дар куҷо будӣ?
— Ман дарвозабон будам.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст