Шумо дар: Асосӣ // Одобнома // Дар боби забон, сухан ва росту дурӯғ гуфтан

Дар боби забон, сухан ва росту дурӯғ гуфтан

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ
Эй, забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
Ҷалолиддини балхӣ

Аз он рӯзе, ки парвардигори кирдугор одамро халқ карду ба ӯ забони гӯё ато намуд, инсон ба васфу таҳқиру тамасхури якдигар пардохтанд. Маҳз тавассути яке дигареро гоҳ ба осмони ҳафтум мебардораду гоҳ ба хоки сиёҳ мезанад. Забон нерӯест, ки одамро ҳам мекушаду ҳам зинда мекунад. забон одамро аз марг наҷот медиҳад, он тавре ки Хоҷа Ҳофизро наҷот дода:

« Мегӯянд, ки чун Темури Ланг вилояти Форсро фатҳ намуд ва ҳукумати шоҳ Мансурро дарҳам зад, Хоҷа Ҳофизро талабид. Чун Хоҷаи бузург ҳозир шуд, Амир Темур саропои Ҳофизро нигоҳ кард ва дид, ки асари фақр ва риёзат аз қиёфа ва либоси ӯ падидор аст. Ба ӯ хитоб кард:

— Эй Ҳофиз, ман рӯи заминро ба зарби шамшер вайрон кардам, то самарқандро, ки пойтахти ман аст, обод кунам. Вале ту на танҳо Самарқанд, балки Бухороро низ ба як холи ҳинду мебахшӣ.

Бишнав ту чӣ мегӯӣ?
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Инак, бигу, бо ту чӣ бояд кард?
Хоҷа Ҳофиз гуфт:

— Аз ҳамин бахшишҳои беҷо буда, ки ман ба фақр ва фоқа мубтало шуда ба ин рӯз афтодаам.

Амир Темур хандид ва маоше барои Хоҷа муайян кард.
Худо медонад, ки Ҳофиз дар назди Амири бадхашм, ки аз каллаҳо манораҳо месохт, худро чӣ тавр ҳис мекард. Бо вуҷуди ин ҳаминро гуфт, ки «аз ҳамин бахшишҳои беҷо буда…» ва ҳамин лутфи шоир Амирро аз аспи ҷаҳл поён фаровард. Ин ҷо Ҳофиз иштирок дошт. Аммо дар ҷои дигар як байташ инсонро аз марг наҷот медиҳад.

Сиёвуш ном шахсе яке аз мулозимони хоси шоҳ Аббоси Сафавӣ буд. Шоҳ ба ӯ таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Ҳамин боис шуда буд, ки ҳасудон ва бахилон Сиёвушро чашми дидан надоштанд. Бадбинон дар ҳаққи Сиёвуш бадгӯӣ карда,… шоҳро барои куштани Сиёвуш тарғиб намуданд. Шоҳ Аббос, ки ба мутоилаи девони Ҳофиз ва хондани ашъори ӯ шавқи тамом дошт, дастур дод, то девони Ҳофизро оварданд ва дар бораи сарнавишти хизматгори хосааш – Сиёвуш аз Ҳофиз фол гирифт. Ғазале омад, ки ин як байташ ин аст:
Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,
Шарме аз мазламаи хуни Сиёвуш бошад.
Шоҳ Аббос аз ин ҷавоби баҷои шоир аз куштани мулозими хоси худ сарфи назар кард ва дар ҳаққи ӯ икром ва лутфи беҳад намуд».

Барчаспҳо: , , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".