Дар замона зи ҳар чӣ ҷонавар аст,
То нашуд пухта одамӣ, батар аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ба мардум даровез, агар мардумӣ,
Ки бо одамӣ хӯ гирифт одамӣ!
Низомии Ганҷавӣ
Аз ҳусн нафис нест мардум,
Аз ҷавҳари мардумӣ нафис аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Одамӣ аст аз паи коре бузург,
Гар накунад,ӯст ҳиморе бузург.
Хусрави Деҳлавӣ
Он кӣ надорад сифати мардумӣ,
Нест бари одамиён одамӣ.
Хусрави Деҳлавӣ

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст