Булбуле дар шохи дарахте нишаста месароид. Бози гурусна ӯро диду асираш кард. Булбул ба боз гуфт:
— Лутфан маро озод кунед, ман паррандаи кӯчаке ҳастам ва сазовори чун шумо бози бузург нестам. Шумо метавонед паррандаҳои бузургтареро шикор намоед.
Боз гуфт:
— Ман он қадар аҳмақ нестам, ки нақдро ба насия бадал созам!
БУМ ВА ЧИРЧИРАК
Бум, ки мувофиқи одат аз тарафи шаб ғизо мехӯрду аз тарафи рӯз мехобид, аз овозу сароидани чирчирак ба танг омада буд. Ду – се маротиба аз чирчирак хоҳиш кард, ки ӯро осуда бигзорад. Вале ҳар қадар хоҳиш мекард, чирчирак овози худро баландтар мебаровард. Бум ночор шуд ва ба фикри нақшае афтод, то худро аз шарри чичирак раҳо созад. Рӯзе ба ӯ гуфт:
— Дӯстӣ азиз, овози ту чун нағмаҳои дилнишин аст. Мехоҳам имрӯз туро ба хӯрдани шарбати гуворое, ки яке аз дӯстонам ба ман овардааст, даъват кунам. Агар даъвати дӯстонро қабул кунӣ, зиҳӣ ифтихор. Чирчирак, ки ташна буд ва ситоиши бум хушаш омад, берун ҷаст. Ҳамон буд, ки бум ӯро гирифт ва ҳалок сохт.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст