Падар оқил бувад, фарзанди ӯ оқилу доно
Бигирад тарбият гар аз падар соҳиб ҳунар бошад.
Ҳар як шахс мехоҳад, ки падару модар, хоҳару бародар, хешу табори шинохтаву соҳибэҳтиром дошта бошад. Мо бояд волидайни худамонро мисли гаҳвараки чашм ҳурмату эҳтиром намоем ва дӯст дорем. Ҳар қадаре, ки мо падару модарамонро дӯст дорем, ҳамон қадар онҳо моро дӯст медоранд.
Бе сабаб онҳоро шаҳсутуни хона наномидаанд. Охир, падару модар аз рӯзи азал фарзандро бо сад умеду орзу ба воя мерасанд. Бо як роҳи дурустӣ зиндагӣ пеш мебарад. Бе падар бе модар зиндагӣ маъне надорад, зиндагӣ гардишҳои зиёде дорад. Агар ман як шабонарӯз аз падару модарам дӯр бошам зиндагӣ бароям пучу бе маъне метобад, дунё дар назарам тангу торик менамояд.
Доимӣ аз заҳматҳои модари азиз ёд мекунему ками дар кам аз талошҳои падарон сухан мегӯем. Охир бесабаб ӯро шаҳсутуни хона наномидаанд Падар навниҳолонии боғашро мебӯсад ва мебӯяд ва аз он бехабар, ки субҳ дамидаю мурғи саҳар баҳраш тарона ово намудааст. Ин пора аз заҳматҳои падари шабзиндадор ба гӯш мерасад. Ва кош ин ниҳоли кошидааш бирасад. Чуноне,ки шоир гуфтааст:
Ба ҳар даврон бинои оила ду шаҳсутун дорад.
Барои мо падару модар азизу муътабар бошад.
Агар фарзанд бошад мевае аз умри инсон,
Падар — модар дар оила бо ҳам ширу шакар бошад.
Агар чӣ қадри модар баҳри инсон бе баҳо бошад,
Падар аз сар равад, модар ба мисли мушти пар бошад.
Абдураҳмонова Гулбаҳор,
деҳаи Хами савра.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст