Аз рӯзи дуюми апрел фестивали Ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ва намоиши китобӣ таҳти унвони “Китоб шамъи дили инсон” оғоз ёфта, дар шаҳру навоҳии кишвар идома дошт.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғиб ва оммавӣгардонии хониш миёни кудакону наврасон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба китобу хониш ва ба китохонаҳо чун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттиллоти кӯдакону наврасон буд.
Дар доираи фестивали мазкур рузи 7 апрел дар шаҳри энергетикҳои Роғун ва пасон дар ноҳияи Файзобод бо иштироки адибон Равшани Ёрмуҳаммад ,Ҷура Ҳошимӣ, Маҷиди Салим, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Мардонқул Ашӯров,Мунаввара Тағоева, Робияи Холмирзо,Муҳаббати Юсуф, Ҳабибулло Имодӣ ва Сайқали Самеъ бо хонандагони мактабҳо вохурӣ доир шуд.
Дар ҳарду вохурҳо ҳам адибон сарравал бо вазъи китобхонаҳо шинос шуда, сари мавзӯҳои шавқангези мактабиён сӯҳбатҳо оростаанд. Дар навбати худ хонандагон аз эҷоди адибон шеърҳо қироат намуда, эшонро бо маҳсули дастони худ ошно карданд.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 35, яке аз таълимгоҳҳои наву замонавии маркази ноҳияи Файзобод буда, дар он беш аз 1000 нафар толибилмон машғули таълиманд. Шогирдони мактаб меҳмононро дар даромадгоҳи дабистон пешвоз гирифта, онҳоро бо офаридаҳои худ ошно сохтанд. Ба хусус расмҳои кашидаи онҳо . ки хеле диданию диқатҷалбкунанда буд таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ кашид.
Маҳфили адабӣ дар толори мактаб доир шуд, ки нависанда Равшани Ёрмуҳаммад онро кушода вазифаҳои ин чорабиниии фарҳангиро чунин баён дошт, ки беҳтару бештар шинос кардани насли наврас бо таърихи миллат, дастовардҳои истиқлолияти миллӣ мероси гаронмо-яи гузаштагонамон, ва адибони бачагон бо мактабиёни шаҳру навоҳии кишвар мебошад, ки ҳамасола доир мегардад. Ҳамчунин номбурда таъкиддошт, ки дар ин доира ҷашни панҷоҳсолагии зод-рӯзи нависандаи хушзавқ Маҷид Салим имрӯз доир мегардад.
Маҷид салим аслан аз ҳаёти ҳайвонот асарҳо эҷод мекунад. Чи тавре дар пешгуфтори китоби ба тозагӣ барои бачаҳо навиштааш “Алибоҷ” менависад “ Табиат ва олами ҳайвонот ҳамеша бо сеҳру муаммоҳои худ инсонро дар ҳайрат гузоштааст. Ҳар қадаре, ки онро бештар меомӯзед, он қадар дӯсташ медоред, мафтуни зебоӣ ва асрори он мегардед” дар вохӯрӣ китоби мазкур муаррифӣ гардида, аз ҷониби хонандагон хеле хуб пазируфта шуд. Дигар аҳли қалам низ ҳангоми баромади худ ба паҳлуҳои гуногуни эҷодӣ асарҳои ба бачаҳо бахшидаи Маҷид Салим ёддовар шуданд.
Раиси китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Қурбоналӣ афғонов, ки китобхонаи мазкур яке аз ташаббускорони баргузории фестивали мазкур ба ҳисоб меравад, аз аҳмияти чорабинии мазкур дар ҳаёти бачаҳо сухан гуфт.
Сипас шогирдони мактаби санъати ноҳияи Файзобод ба номи Дӯстмуроди алӣ назди ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд. Ки беҳтарини он ба даври хотимавии февтивали мазкур дар шаҳри Душанбе роҳхат гирифт.Беҳтарин иштирокдорони ин ҷамъомад сазовори тӯҳфаҳо гардиданд
.
Дар хотимаи маҳфил адибон асарҳои тозанашри худро тақдими китобхонаи мактаб гардониданд.
Фестивали ҷумҳуривии “ Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” рузи 9 апрел дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст