Шумо дар: Асосӣ // Одобнома // Дар баёни некӣ ба падару модар

Дар баёни некӣ ба падару модар

Молик ибни Робиъа мегӯяд: « Мавқее, ки мо хидмати расули Худо нишаста будем, як марде омаду гуфт: «Эй расули Худо, оё аз некӯкорӣ ба падару модарам коре боқӣ монда, ки баъд аз маргашон ба анҷоми он пардозам, то дар ҳаққашон некӯиву хубии комил карда бошам?»
Паёмбар фармуд: «Оре дуо кардан барои падару модар, талаби мағфирати гуноҳонашон, анҷом додани васиятҳои онон, некӯкорӣ ба хешони онҳо, ки дар ҳақиқат баракати хешӣ аз баракати падару модар аст ва гиромӣ доштани дӯстони падару модар».
Ҳар кӣ хоҳад, ки фарзандаш солеҳу шоиста ва фармонбардору боадаб бошанд, боз бояд худ фармонбардори падару модараш бошад. Дар ҳадиси шариф омада: «Нисбат ба падару модар ва хешовандони онҳо хайрхоҳу некӯкор бошед, зеро азобу уқубати ҳар гуноҳ мумкин аст ба охират бикашад, аммо азобу уқубати нофармонӣ ба падару модар дар ҳамин зиндагии дунёвӣ мерасад».
Паёмбар дар ҷои дигар фармуда: «Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модар аст». Дар ин маъно шоире фармуда:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар таҳти қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои мо биёбӣ,
Он кун ки ризои модарон аст.
Ҷаннат талабӣ, талаб ризои модарон,
Мекун ту тавоф хоки пои падарат.
Аз амри Худо муайяд аст амри падар,
Хушнудии ҳақ аст ризои падарат.

Дини мубини ислом дар ҳама маврид фармонбардории падару модарро воҷиб донистааст.

( Аз китоби Амирабоси Бобоназар « Эҳтироми волидайн ва ҳаққи фарзанд.)

Барчаспҳо: , , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".