Шумо дар: Асосӣ // Ахбори рангин // Моро ҷаҳон шиносад, бо номи Тоҷикистон!

Моро ҷаҳон шиносад, бо номи Тоҷикистон!

10Тоҷикистон Ватанам! Эй кишвари орзую армонам! Эй сарзамини дилситонам бе туву бе ёди ту нахоҳам зист.
Ватан! Ман намедонам ин калима, чӣ маъно дорад, аз куҷо омадаву чиро ифода менамояд. Вале иҳсос менамоям, ки ба ҳар як инсони бедордилу бедормағз чӣ қадар азиз асту муқаддас. Ватан-ин обу хоку ҳавову гармӣ — ин чор унсуре, ки ҳастии тую мост. Ватан ин макони ҳастии мо, макони ишқу муҳаббат, сафою ризои мо дар зиндагист.

Ватан ту ҳастӣ, ки мо дилпур аз имрӯзу фардои худем. Бахти баланди мо бо ҳастии ту вобаста аст. Бе ту мо ҳеҷем, муҳаббати мо вафо надораду зиндагии мо маъно. Меҳри ту аз меҳри модарон болотар аст, чунки модарон фарзандонашонро дар оғуш гиранд, ту дар оғуши гарми худ ҳардуро- ҳам модарон ва ҳам фарзандони онҳоро дар якҷоягӣ аз таввалуд то ба фавт ҷой додаӣ.

Бесабаб мо Ватан – Модар намегӯем. Ман хушбахтарин фарди дунёиям, ки ватане бо номи Тоҷикистон дорам. Аз ин ифтихор мекунам, шукр мекунам ва бо тамоми ҳастӣ онро дӯст дошта ва чун гавҳараки чашм эҳтиёташ мекунам, чун:
Моро ҷаҳон шиносад бо номи Тоҷикистон,
Мерос бошад ин аз хоки Тоҷикистон.
Бар қуллаҳои ваҳдат ҳастем мо равона,
Бошад шаҳодати он ҳар гоми Тоҷикистон.
Тоҷикистон, Ватанам!Ту нишоне аз гузаштагони манӣ. Бо шунидани ин ном хаёли ман ба дуриҳои дури таърих ба ватани аҷдодонамон- ба Ориёи бузургу пурфайзу баракат бо мардумони поку наҷиб, ҷавонмардоне, ки фарҳанги аввалини инсонӣ офаридаанд, мебарад. Шукри аҷдодони баору номусам мекунам, ки сарзамини паҳнобареро ободу зебо намуда баҳри гул-гул шукуфоии илму ҳунар замима ба вуҷуд оварданд.
Фарзандони ба нангу номусат, адлу инсоф ва саховатмандию ҷавонмардиро ба ҷаҳониён омӯхтанд.
Таърих номи шоҳони Ориёинажод – Ҷамшеду Фаридун, Анушервону Исмоили Сомонӣ, ки адолатпеша буданду ободкор фаромӯш намекунад.
Камина ифтихор аз он мекунам, ки меросхӯру меросбарӣ ин мулку ин сарзамини аҷдодони бузургам, вале ободиҳои ин сарзамин ба чашми танги дӯшманон чун хор мехалад, дили бахилонро сих мезанонад. Ин буд, ки аз ҳар сӯй ба ҳар баҳонае ба ин мулки биҳиштӣ ҳуҷум намуда онро оташ мезанониданду ғораташ мекарданд, беҳтарин фарзандонашро ба қатл мерасониданд. Мехостанд номи Ориёну меросхӯрони онро аз замин нобуд созанд, забону дину оини онҳоро аз байн баранд. Вале магар халқи наҷибу баору ҷавонмарди ориёӣ ба ин розӣ мешуд? Фарзандону ворисони Ориёӣ чун Девоштичу Спитамен, Абумуслиму Темурмалик, Восеъ ва ғайраҳо шамшеру шоиронаш Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём бо шеъри НОБ-и тоҷикӣ халқу оби Ватан ва забону дини онро ҳимоя намуданд.
Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ бо илму амали хеш номи меросхури Ориёи – Тоҷикистонро зинда нигоҳ доштанду тири душманони миллати мо хок хурд.

Имрӯз, ки кишвари мо Тоҷикистони азиз давлати соҳибихтиёру демократӣ асту бо сарварии фарзанди ба нангу номуси тоҷик Эмомалии Раҳмон дар миқёси ҷаҳон обрӯву эътибори хоса дорад ва бо қадамҳои устувор пеш меравад, дили моро, боварии моро ба оянда зиёд мегардонаду ифтихору муҳаббати моро даҳчанд меафзояд.
Шукри обат, шукри хокат, шукри кӯҳсорони пурфайзат Тоҷикистони азиз!
Ман зи ту сарват намехоҳам Ватан ҳасти бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Бале, ман аз ту сарват намехоҳам, Тоҷикистони азиз, Ватан ҳасти бас аст.

Тоҷикистони азиз! Ҳастии ту нишоне аз гузаштагони манн, хоки пурфайзу ҳавои пурсафоят руҳбахши ҷонаст, оби поку зулолат худ бароям беҳтарин сарват аст. Магар дар ягон кунҷи дигари дунё чунин кишваре ҳаст? На! Ту ягонаӣ, туро дӯстонат Тоҷикистонӣ биҳиштӣ мегӯянду дуои неку ободиятро мехоҳанд. Фарзандони ба нангу орат ҳар рӯзу шабон ва дар ҳар кунҷу канори дунё талоши онро доранд, ки номи кишварамон дар қатори давлатҳои беҳтарини дунё ҷой гираду парчами он болои сарамон абадӣ партавфишон бошад.
Хоҳам меваи меҳан чун офтоби тобон,
Партафишон ҳамеша дар боми Тоҷикистон.

Тоҷикистон! Эй Ватани ҷавону кӯҳанбунёди ман. Ободкориҳоятро дида дилам гум мезанад. Ту натанҳо зебоӣ, ту оянда пуриқтидор хоҳӣ шуд. Табиати сарсабзу сарватҳои бешуморат макони обҳои тозаю хокҳои зархез ва мардумони меҳнатдӯстат аз ояндаи неку дурахшони ту дарак медиҳад. Ту зебою тавоно хоҳи шуд!
Бо вуҷуди давлати ҷавон буданат тавонистӣ сохтмонҳои бузургро ба монанди нақби Анзобу Шаршар, роҳҳои мошингарди Душанбе- Ҷиргатол – Сари Тош – Кулма- Қароқум – Хитой, НБО – ҳои Сангтуда 1-2-ро сохта даҳҳо пул байни Тоҷикистону Афғонистон гузоштаӣ, ҳазорҳо мактабу шифохонаҳо, масҷиду мадрасаҳо, биноҳои истиқоматию маъмуриро ба истифода додаӣ, зиндагии мардумонат рӯ ба беҳбудӣ омадааст. Оянда худо хоҳад ободкориҳояш садчанд хоҳанд шуд.Дӯстонат шоду душманонат хор хоҳанд шуд.
Чун сохтмони бузургат НБО – Роғунро, ки яке аз бузургтарин НБО-ҳои дунё башумор меравад оғоз бахшидаӣ ва онро бо роҳбарии сарвари ҷасуру ғаюри тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо қувваи худ бунёд кардан мехоҳӣ, чашми ҳасуди душманонат сих мезананд. Онҳо тоқати дидани Тоҷикистони пурнуру пурсафоро надоранд. Бинобар он ба сохтмони ин неругоҳи бузург монеа шудан мехоҳанд. Вале, магар онҳо фаромӯш кардаанд, ки мо тоҷикем – ворисони қавмҳои Ориёнием. Чун тули ҳазор солҳои таърихӣ намурдем, дигар ҳаргиз нахоҳем мурд, нахоҳем мурд!
Тоҷикистон! Дар ин марҳалаи пурҳасоси давр фарзандону дӯстонат туро танҳо нахоҳанд монд. Туро дубора обод хоҳем сохт, Тоҷикистони азиз!
Дубора созамат Ватан,
Бо ҷисму ҷони хештан.
Сутун ҷонам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.

Тоҷикистон! Ман барои ормонҳои ношикастаи ориёӣ, ҳам барои корҳои нотамоми Оли Сомон, чун нишони охирину беҳтаринам аз гузаштагон, чун қарзу фарзи фарзандӣ туро дубора обод хоҳам кард, зи нав эҷод хоҳам кард.
Ватан! Ба рағми душманони носазоворат, зи сангҳои бар сарат бишкастаи фарзандони ноустуворат туро зи нав обод хоҳам кард!
Қасам, қасам ба номат эй Ватан!

Заринаи Ҳикмат,
хонандаи синфи 11,
мактаби миёнаи № 33,
н. Файзобод
.

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".