Шумо дар: Асосӣ // Афсона // ДАРАХТИ МӮЪҶИЗАВӢ (афсонаи Мексикоӣ)

ДАРАХТИ МӮЪҶИЗАВӢ (афсонаи Мексикоӣ)

iПедро дар сари роҳ менишасту дар кафи дасташ чанд тангаро бозӣ медоронд. Тангаҳо зиёд набуданд ва Педро фикр мекард, ки чӣ тавр онҳоро зиёд кунад. Ногаҳон дар роҳ аз дур чанг бархост. — Ана акнун корам омад мекунад, — фикр кард Педро. Вай тангаҳояшро дар байни шохаҳои дарахт ҷойгир карду мунтазир шуд. Дар роҳ рамаи хачир пайдо шуд. Рамаро чӯпонон ронда меомаданд. Дар паҳлӯи онҳо заминдори сарватманд аспсавор мерафт. Вақте ки савораҳо наздаш омаданд, Педро шохи дарахтонро сахт афшонд. Аз болои дарахт ба замин тангаҳо рехтанд. Хоҷа ва чӯпонон аз ҳайрат даҳон во карданд. Педро оромона тангаҳои худро ҷамъ карда ба кисааш андохт ва гуфт: — Хайр, имрӯз ҳаминаш ҳам бас аст! Чашмони заминдор дурахшиданд: — ҳой Педро! Ин чӣ хел дарахти мӯъҷизавӣ аст? Онро ба ман мефурӯшӣ? Педро гуфт: — Ростӣ, фурӯхтан намехоҳам. Ин дарахт ба ман аз падарам мерос мондааст. Ман ин ёдгории падарамро фурӯхта наметавонам. Аз дигар ҷиҳат, чунин дархтро шабурӯз посбонӣ кардан лозим аст, вале ман сайру саёҳатро дӯст медорам. Бинобар ин, агар шумо пули калон диҳед, шояд онро фурӯшам. Онҳо ба савдо сар карданд. Педро розӣ намешуду хоҷа нархро мебардошт. Ниҳоят, ҳар ду розӣ шуданду Педро пули зиёдеро ба киса гузошта хушҳолона ба роҳаш рафт. Соҳиби нави дарахт, ки худро хушбахт ҳисоб мекард, шохаҳоро ба афшондан сар кард, вале ягонта танга наафтид. — Аз афташ, Педро ҳамаи тангаҳоро афшонда гирифтаасту наваш ҳоло нарӯидааст, — фикр кард заминдор. Як рӯз сабр кард, вале аз дарахт ҳеҷ танга намерехт. Ниҳоят, заминдор фаҳмид, ки Педро ӯро фиреб додаст ва бо ҳамроҳии хизматгоронаш ба ҷустуҷӯи фиребгар рафт. Баъд аз роҳпаймоии зиёде Педроро дар соҳили дарё дарёфтанд. Педро хоб буду дар паҳлӯяш шишаи шароб меистод. — Ҳой, Педро! – фарёд зад заминдор. – Қасам ба виҷдонам, ки ту дар тамоми умрат ғайр аз оби дарё дигар чизе наменӯшӣ! Оби дарёро серӣ мехӯрӣ! Баъд бо хизматгоронаш Педроро ба даруни халта андохту даҳонашро басту гуфт: — Кораш тамом шуд! Биёед, пеш аз он ки Педроро ба дарё партоем, нишаста каме шароб хӯрем. Онҳо шаробро хӯрданду маст шуданд ва хобашон бурд ва ба хуроккашӣ сар карданд. Педро зуд кордчаашро аз киса гирифта халтаро сӯрох кард ва дасташро бароварда даҳони халтаро кушоду берун баромад. Баъд зини аспро ба халта андохта маҳкам кард ва дар буттазор пинҳон шуда мунтазир истод. Баъд аз чанде заминдор ва хизматгоронаш бедор шуданд ва халтаро бардошта бурданду ба дарё партофтанд. — Алвидоъ, Педро! – фарёд кард заминдор. – Акнун дар қаъри дарё моҳиҳоро фиреб дода мегардӣ! Педро аз буттазор ҷавоб дод: — чаро дар қаъри дарё? Охир, одамони сода дар хушкӣ ҳам ҳастанд, ҳамонҳоро фиреб додан мегирам! Заминдору хизматгоронаш садои Педроро, ки гумон мекарданд, ӯро ғарқ кардаанд, шунида сахт тарсиданд ва ба аспҳояшон савор шуда гурехта рафтанд. Ва Педро аз буттазор баромаду халтаро аз дарё дошта гирифт ва зинро бурда ба як деҳқон фурӯхт.

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".