Шумо дар: Асосӣ // Афсона, Чист он? // ЧИСТ ОН ?

ЧИСТ ОН ?

Аз ӯ ҳама чиз равшан,
Бе ӯ набувад гулшан.
(офтоб)
Шашто пояш,
Якто танаш,
Дуто шикамаш.
(тарозу)
Дуто дорад, осмонкӯб,
Якто дорад, заминрӯб,
Чорто дорад, рӯғанӣ,
Чорто дорад заминкӯб.
(гов)
Чист он лӯъбати ҳавопаймо,
Зуд машҳур шуд дар дунё?
(ракета)
Ҷомаи сабз чун ба бар ӯро,
Лаби худро ба ханда бикшояд,
Пора-пора шавад ҷигар ӯро.
(лола)

Фарзона Саидова,
мактаби № 11.

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".