Шумо дар: Асосӣ // Роғун // Субҳи Роғун-субҳи умед

Субҳи Роғун-субҳи умед

1224303_20091120165407Паси мизу курсие, ки таи шилшилаҳои шаддаи маҷнунбед баҳри даме истироҳат кардан гузошта шуд буд, нишастам. Ҳиссиёти аҷибу гуворое фароям гирифт. Ба фикр ғутавар гаштам. Аҷиб, охир ҳатто анна ҳамин дарахтони зебо ҳам аз сулҳу осоиши диёрамон хурсандӣ намуда дар бодҳои диёри файзбор сар ба зеру боло бардошта аз ҳавои софу беолоишу беғубор нафаси тоза мегиранд. Охир чӣ қадар Ватани биҳиштосо дорем. Шукр менамоем, ки аз файзи сулҳу ваҳдату истиқлолият боз ҳам Тоҷикистон шаҳомати тоза мегирад.Шукр менамоям аз он, ки дар Ватане умр ба сар мебарам, ки хеле равшанзамирону саховатпешаҳо дорад ва шояд ана ҳамин аст, ки бо дастгирии ҷаноби Олӣ ва кулли халки меҳнатқарини Тоҷикистон сохтмони иншооти бузурги аср НОБ- и Роғун аз нав оғоз шуд. Пешрафти иқтисодиёт, саноат, роҳҳои мумфаршу ҷавобгӯи талаботҳои байналмиллалӣ, ки пайвандгари наслҳо гаштааст маҳз аз файзи истиқлолияти давлати Тоҷикистон мардуми Моро насиб шудааст.
Бобоям мегӯянд, ки ҳанӯз замони собиқи Шуравӣ ба сохтмони НБО-и Роғун шурӯъ намуда буданд, ки пасон бо сабабҳои зиёд сохтмони он аныом наёфт. Танҳо пас аз соҳибистиқлол шулани малакат бо иқдоми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Роғун аз навшурӯъ шуд. Имрӯз дар маҳфилу чорабиниҳо сухан аввалан аз Роғун меравад. Мо низ доимӣ аз устодон дар бораи рафти ин нерӯгоҳи тақдирсоз пурсон мешавем. Охир чи сон мо метавонем бетараф бошем, ки ояндаи мо аз бунёди НБО-и Роғун сахт алоқаманд аст. Роғун –ояндаи дурахшони насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир саҳмдор будан дар кори бунёди он вазифаи ҳар яки мо мебошад.

Имрӯз мо насли наврас мефахрем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо зиндагию дарс меомӯзем, ва шояд имрӯз дастгирии мо баҳри ояндаи давлату миллат бештар омӯхтани илму фани муосир бошад.
Бар зами ин чун як намояндаи насли наврас наметавонам чун дигар бародарони калони худ аз харидории саҳмияҳои НОБ-и Роғун дар канор бошам. Ҳарчанд зиёд набошад ҳам имрӯз бо маблағи 700 сомонӣ саҳмия харидорӣ намудаам. Мехоҳам Роғун ҳарчи тезтар ба кор дарояду бо равшаниаш дар ҳар хонадон ва дилҳои мардум нурбубахшад. Бо лафзи кӯдаконаам ва ҳиссиёти беандозаам нисбат ба ташаббусе, ки имрӯз тамоми тоҷикони олам дастгирӣ карда истодаанд шеъраке ифшо намудаам, ки бозгӯи орзуҳои манаст.

Мо насли Тоҷикистон,
Дорем номусу ор.
Дар сохтмони Роғун,
Меҳнат кунем аз ҷон.

Фозилшоҳи Зубайдулло.

Барчаспҳо: , ,

Фикри худро нависед

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".