Шумо дар: Асосӣ // Афсона, Озмунҳо // Дар озмунҳои «Парвин» иштирок намоед!

Дар озмунҳои «Парвин» иштирок намоед!

«Тоҷикистон Ватанам –ифтихорам»

Нашрияи «Парвин» озмунҳои иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон ватанам –ифтихорам» ва расмҳои зеборо бо номи « Тасвири ватан-дар қалами ман»   ба истиқболи ҷашни бистсолагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар чанд давр доир менамояд.
Даври аввал моҳи марти соли 2010 , дар рӯзи Иди матбуот ҷамъбаст мегардад.
Ғолибон бо мукофотҳои таъсиснамудаи нашрия қадрдонӣ шуда, корҳои беҳтарин дар маърази тамошои мактабиёни шаҳру навоҳӣ гузошта мешавад.

«РОҒУН- КОХИ НУР»
Ҳамчунин ҳайати эҷодӣ тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯъи «Роғун-кохи нур», бо мақсади тарғиби ин сохтмони муҳими давр аз нигоҳи бачаҳо, озмуни беҳтарин иншо ва расмҳоро эълон намояд. Озмуни мазкур охири соли 2010 ҷамъбаст гардида, ба ғолибон сохтмончиёни шинохтаи НОБ-Роғун тӯҳфаҳоро хоҳанд супорид.

Бишитобед то аз иштирок дар озмунҳои мо бехабар намонед!

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".