Шумо дар: Асосӣ // Афсона // Се шикорчӣ

Се шикорчӣ

29_3_CompressedImageБуд – набуд се шикорчӣ буд. Дутои онҳо луч буданду севвумӣ тамоман либос надошт.
Шикорчиҳо се туфанг доштанд, ду туфанг холӣ буд, севвумӣ тир надошт. Шикорчиҳо саҳарии барвақт аз шаҳр баромаданду хеле дур ва баъд боз ҳам дуртар рафтанд. Онҳо дар ҷангал се харгӯшро парронданд, ки дутои онҳо гурехт, ба севвумӣ тир нарасид.Шикорчиҳо онро ба кисаи шикорчие, тамоман либос надошт, андохтанд.
— Оҳ, худо! – гуфтанд онҳо, — Мо харгӯшеро, ки гурехта рафт, чи хел мепазем?
Шикорчиён рафтанду рафтанд ва боз ҳам дуртар рафтанд. Ниҳоят ба хонае расиданд, девору бому дару тиреза надошт. Шикорчиён се бор дарро кӯфтанд. Соҳиби хона, ки дар хона набуд пурсид:
— Шумо кистед? Чӣ мехоҳед?
— Аз шумо хоҳиш дорем. Ба мо дегатонро қарз диҳед. Мо мехоҳем, харгӯшеро, ки гурехта рафт, пазем.
— Эй, дӯстон, ман фақат се дег дорам: дутоаш таг надорад, севвумаш – девор!

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".