Роғун ин манбаи нур,
Роғун ин файзу сурур.
Роғун ин миллати мост,
Роғун ин ваҳдати мост.
Мо саҳмгузори Роғун,
Мо саҳмгузори Роғун.
Роғун ободии мо,
Роғун зебоии мо.
Шавад кишвар чароғон,
Аз оби софи Роғун.
Мо саҳмгузори Роғун,
Мо саҳмгузори Роғун.
Тоирова Шукрона ,
хонандаи синфи 7, мактаби
ба номи Абдулғанӣ Мирзоев
РОҒУН – АРСАИ НОМУСУ НАНГ
Роғун- вақте, ки ин калимаро ба забон меорем пеши назарамон ободӣ, рӯшноӣ ва сулҳу ваҳдат вонамуд мегардад. Албатта НОБ — и Роғун имрӯз чун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шумор меравад. Ва чи тавре Сарвари давлатамон дар муроҷиати худ ба сокинони мамлакат бобати харидории саҳмияҳои НОБ-и Роғун таъкид доштанд, ки « Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшаноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ , шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!»
Аз ин рӯ ҳамаи мо хурду калон бояд сари нангу номус дар ин иншооти азими энергетикӣ саҳми худро гузорем то ҳарчи тезтар НОБ – и Роғунро бунёд созем. Аз саҳмияҳое, ки имрӯзҳо ба фурӯш бароварда шудааст ҳамагон харидорӣ менамоянду ба қадри имкон дар сохтмони ин иншооти азими энергетикӣ саҳм мегузоранд. Инчунин оилаҳое ҳастанд ки кӯмакҳои саховатмандонаи худро дар НБО- Роғун мегузоранд.
Ҳамагон хуб дарк менамоем, ки бунёди Роғун ин ба манфиати ҳамаи халқи мост. Аз бунёди Роғун корхонаҳои нав ба кор даромада, садҳо одамон соҳиби ҷойи кори нав мегарданд.
Аҳли оилаи мо низ дар сохтмони НБО-и Роғун бо харидории саҳмия кӯмаки худро гузошта истодаанд. Аллакай аз ҳисоби пасандози аҳли оилаамон падарам ба номи ҳар яки мо-фарзандонаш саҳмия харидаанд. Ману ҳамсинфонам низ маслиҳат кардем, ки ба қадри имкон дар сохтмони тақдирсози мамлакат саҳми худро гузорем, зеро Роғун ин ояндаи ҳар яки мову шумост!
Умеда Қурбонова,
хонандаи синфи 7,
гимназияи ба номи А. Раупов,
н.Файзобод

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст