Ман онро одамӣ донам, ки дорад сирати накӯ,
Маро чӣ маслиҳат бо он, ки ин ғабр асту он тарсо.
Солмони Соваҷӣ
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар тӯӣ одам, машумор одамӣ,
Он ки надорад зи ғами кас ғаме.
Алишер Навоӣ
Одамиро бар либоси суфу атлас фахр нест,
Дида бошӣ ин қумош аксар сутуронро ҷул аст.
Абдулқодири Бедил
Қимати мард на ба симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Абдулқодири Бедил
Одамият чист? – Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан – нафъи безар доштан.
Тошхӯҷаи Асирӣ.

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст