Шумо дар: Асосӣ // Афсона // ҲАФТ НОН

ҲАФТ НОН

0_21498_3566d062_XLДар як деҳа одаме зиндагӣ мекард, ки номаш Алӣ Муҳаммад буд. Вай хеле доно буд, вале пул надошт.
Мегӯянд, ки Алӣ Муҳаммад ҳар рӯз аз бозор ҳафт нон мехарид. Ҳамсояаш Одамхон, ки одами пулдор, вале нодон буд, боре аз Алӣ Муҳаммад пурсид:
— Ту, ки одами бепул ҳастӣ, ҳар рӯз ҳафт нонро чӣ кор мекунӣ?
Алӣ Муҳаммад ҷавоб дод:
— Дутоашро қарз медиҳам, бо дутоаш қарзи худамро бармегардонам, яктоашро барои одамон нигоҳ медорам, бо яктоаш аз одамон худамро муҳофизат мекунам ва яктоашро худам мехӯрам, фаҳмидӣ?
Одамхон нафаҳмид. Он вақт Алӣ Муҳаммад ин тавр шарҳ дод:
Дутоашро қарз медиҳам – яъне фарзандонамро мехӯронам. Вақте ки онҳо калон шуданд, қарзашонро бармегардонанд. Бо дутоаш қарзамро бармегардонам, яъне ба падару модарам медиҳам. Яктоашро барои одамон нигоҳ медорам — яъне ба дӯстонам медиҳам. Бо яктоаш худамро аз одамон ҳимоя мекунам – яъне ба саг медиҳам, то ки хонаамро посбонӣ кунад. Ва яктоашро худам мехӯрам.

Барчаспҳо: , ,

Тавзеҳот маҳдуд карда шудааст

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".