Шумо дар: Асосӣ // Адибони бачаҳо, Афсона, Ахбори рангин, Биёед дӯсти кунем, Бозиҳо, Бузургон гуфтаанд..., Илҳоми ҳамсоли шумо, Лабханд, Мактубҳо, Меҳмонхона, Одобнома, Озмунҳо, Расмҳо, Роғун, Чист он?, Эҷод // Тирамоҳ

Тирамоҳ

09282ad8605b4e2ab8bac52802952585Як сол ба чор фасл ҷудо мешавад: зимистон, баҳор, тобистон ва тирамоҳ. Ҳар як фасли сол ба худ зебогиҳои худро дорад.

Тирамоҳ яке аз ин чор фасли сол мебошад, ки бо омаданаш анборҳои мардумон пур аз озуқа мешавад. Ба ибораи дигар тирамоҳро фасли хазонрез ҳам мегӯянд. Дар ин фасл табиат ба куллӣ тағир меёбад. Шабҳо дарозу рӯзҳо кӯтоҳ шудан мегирад. Ҳаво софу беғубор, лекин оҳиста – оҳиста хунук мешавад. Саҳаргоҳон агар ба талу теппаву саҳроҳо назар афканӣ, сафедчаранг ба назар менамояд, ки ин нишонаи сардии шабонаи ҳаво аст. Дарахтон, ки тамоми тобистон сабзпӯш буданд, акнун дар тирамоҳ оҳиста-оҳиста зард шуда хазон мешаванд ва ба замин меафтанд. То охири тирамоҳ баргҳо рехта, навдаҳои дарахтон луп- луч мешаванд.

 Одамон заҳматҳое, ки баҳору тобистон дар даштҳои кишоварзӣ, боғоту талу теппаҳо кашиданд, натиҷаашро дар тирамоҳ ҷамъбаст менамоянд. Дар байни халқ мақоле ҳаст, ки «Чуҷаҳоро дар тирамоҳ мешуморанд» — мегӯянд.

Одамон ҳосилҳои рӯёндаашонро ҷамъоварӣ намуда барои зимистонгузаронӣ ва рузгорашон дар анборҳо захира мекунанд.

Хулоса, тирамоҳ шӯҳрати бисёр дошта, файзи дастархони ҳар яки мо мебошад.

                                                                                     Саидова Рухшона,

                                                                                    мактаби миёнаи №11,

                                                                                    деҳаи Элок.

Барчаспҳо: , ,

Фикри худро нависед

© 2009 Нашрияи "Парвин". Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии "adMedia".